Тоҷикистон барои дастгирии буҷет 200 миллион доллар қарз мегирад

Shared to Facebook

Тоҷикистон аз Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) 200 миллион доллар қарзи имтиёзнок мегирад. Созишномаи дахлдорро имрӯз, 13 август, дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) Ярослав Мандрон имзо кардаанд.

Ба иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, қарз барои 20 сол пешниҳод шуда, аз ин муҳлат 10 сол давраи имтиёзнок бо меъёри фоизи солонаи 1 дарсад муқаррар гардидааст.

Тибқи созишнома, маблағ барои дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон равона хоҳад шуд. Аз ҷумла, як бахши он барои нигоҳ доштани хароҷоти афзалиятноки иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

Ин нахустин созишномаи қарзӣ барои дастгирии буҷет аст, ки пас аз ислоҳоти сохтории ФАСР ба имзо мерасад. Ба гуфтаи масъулини Фонд, маблағгузорӣ ба рисолати он оид ба ҳифзи суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар минтақа мувофиқат мекунад.

Тоҷикистон ин 200 миллион долларро якбора дарёфт намекунад: маблағ дар шакли се транш дар солҳои 2026-2027 пешниҳод мешавад.

Пардохти ҳар як транш ба иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда дар доираи барномаи макроиқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Барнома барои солҳои 2025-2027 пешбинӣ шуда, 12 тадбирро дар бар мегирад:

Он се самти асосиро фаро мегирад:

• таъмини суботи макроиқтисодӣ;

• такмили сиёсати буҷетӣ ва коҳиши хавфҳои квазифискалӣ;

• баланд бардоштани шаффофияти сиёсати макроиқтисодӣ ва сохторӣ.