Рустами Эмомалӣ дар Маскав чӣ гуфт? Бақайдгирӣ, дарёфти патент, “авфи муҳоҷиратӣ”, парвозҳо ба Русия, бозгашти донишҷӯён…

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни мулоқоти хосса бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, соддагардонии бақайдгирӣ, дарёфти патент, “авфи муҳоҷиратӣ”-и такрорӣ, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам ва таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Русияро баррасӣ кардааст.

Мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои олии қонунгузори Тоҷикистону Русия шоми 24 ноябр дар Маскав баргузор шуд.

Тавре қаблан хабар додем, субҳи дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар раъси ҳайате иборат аз раисони кумитаҳои Маҷлиси Миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ба Русия рафт.

Ин нахустин сафари расмии хориҷии ӯ ба Русия аст.

Бино ба хабари котиботи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, бегоҳии 24 ноябр дар шаҳри ҳамчунин мулоқотҳои ҳайатҳои расмии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон  ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия дар қолаби васеъ доир гардиданд.

Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Валентина Матвиенко миннатдорӣ изҳор карда, муҳиммияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид кардааст. Зикр гардидааст, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд.

Ба маълумоти манбаъ, зимни музокирот як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи иқтисодии ҳамкориҳои дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардиданд:

“Дар ин ҷода зарурати нуфузи бештари механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати кишвар ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр, қайд гардид”, — омадааст дар гузориш.

Зимни мулоқоти дуҷониба инчунин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

“Зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахши мазкур, аз ҷумла соддагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти “авфи муҳоҷиратӣ”-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат ишора гардид”,-хабар дод котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои ҳамкориҳои самаранокро дар бахши амният, инчунин амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ афзалиятнок шуморидаанд.

Ҳамзамон, ба ҳамкориҳои самти фарҳангию башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия наздик ба 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мегиранд.

Зимни мулоқот масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба Русия бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бинобар маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи КОВИД-19 барои идомаи машғулиятҳо ҳозир шуда натавонистанд, баррасӣ карда шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои тақвияти ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла Созишнома оид ба бунёди панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии забони таҳсилоташ русӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, ҳавасмандӣ изҳор доштаанд:

“Изҳори боварӣ гардид, ки мулоқотҳои имрӯза ба тавсеаи муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои калидии ҳамкорӣ такон мебахшад. Тамоили мусбати ҳамкории мутақобила дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, башардӯстӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва дигарҳо ба назар расида,  ба ин пеш аз ҳама муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи сарварони давлатҳо мусоидат менамояд”.

Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз дурнамои ҳамкории стратегии ду кишвар таъкид карданд ва изҳори умед намудаанд, ки сафари расмии Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба Русия ба муносибатҳои бисёрсоҳаи миёни ҳарду кишвар неруи тоза бахшида, дар навбати худ масъалаҳои бамиёнгузоштаи ҷониби тоҷикистонӣ мавриди таваҷҷуҳи дахлдори Шӯрои Федератсия қарор мегиранд.

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко даъват кардааст, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварад.