Ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ дар Сангвор ва Нуробод

Shared to Facebook

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 сентябр бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба водии Рашт сафар карданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Сангвор оғоз гардида, нахуст бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Президент зимни шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолият дар бинои нави маъмурӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.

Дар идома дар маркази ноҳия Меҳмонхонаи “Таҳмина” ба истифода дода шуд, ки дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019 -2021 бо иқдоми соҳибкор бунёд гардидааст.

Меҳмонхона имкони қабули 25 мизоҷ дар як вақтро дорад.

Роҳбари давлат бо дарназардошти иқлими мусоид, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор ва чашмаҳои шаффоф дар ноҳияи Сангвор масъулонро ҷиҳати таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва фароҳамсозии имконоти боз ҳам беҳтари хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ муваззаф намуданд.

Ҳамчунин, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии “Калидчаи Заррин” оғози расмӣ бахшида шуд.

Кӯдакистон бо иқдоми ҶДММ “Зарринк” бунёд карда карда, фармоишгар ҳукумати ноҳияи Сангвор мебошад.

Президент пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Муассиса, дар ҳамин ҷо бо имконоти фаъолияти ҶДММ “Зарринк” шинос гардиданд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти корхона барои дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои неку бобарор дар рушди иқтисоди миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Рӯзи гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ беҳтарин анвои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва маҳсулоти ҳунарҳои кадбонуҳои гӯшаи дурдасти мамлакат ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат зимни суҳбати озоду самимӣ бо кадбонуҳои ноҳия, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, ҷиҳати омӯзиши ин ҳунар ба ҷавондухтарон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

20 сентябр ҳамчунин, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 24 июни соли 2019 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд.

Зикр мешавад, ки дар бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас мебошад.

Президент зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани кору фаъолият, ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои созандагиву ободонии диёри азиз ба масъулон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун Президент дар толори Қасри фарҳанг бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот карданд.

Гуфта шуд, дар 30 соли сипаришуда мардуми ноҳия ба як қатор дастовардҳо ноил гардида, дар ин давра барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 914 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Инчунин, дар ин давра ба ноҳия 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Президент гуфтанд, дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор барои солҳои 2021 – 2025 барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти таъиноти гуногун ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ амалисозии 174 лоиҳа ба маблағи умумии 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат ба соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия барои иштироки фаъол дар корҳои ободонӣ изҳори сипос карданд.

20 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба воддии Рашт Пешвои миллат ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд. Дар ин ноҳия нахуст Корхонаи парандапарварии “Мурғи Нуробод” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, корхонаи нав барои истеҳсоли тухми аълосифат пешбинӣ гардида, дар он 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Дар оянда “Мурғи Нуробод” имконият дорад, ки дар як рӯз 25 ҳазор дона тухм истеҳсол намуда, дар як сол то 9 миллион тухми мурғро ба фурӯш барорад. 

Иттилоъ дода шуд, ки “Мурғи Нуробод” дар минтақаи Рашт нахустин корхонаи парандапарварӣ буда, дар оянда имконият дорад талаботи ноҳияҳои водиро бо тухми аълосифат ба пуррагӣ қонеъ созад.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Маҳмадалӣ Сангов бунёд гардида, дар асоси технологияи муосир кору фаъолият хоҳад кард.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои рушди фаъолияти корхона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Президент дар ноҳияи Нуробод, ҳамчунин, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Гуфта шуд, ба фаъолият оғоз намудани иншооти мазкур мушкилоти кормандони ҳизбро дар самти норасоии ҷой ва шароити зарурӣ ба пуррагӣ ҳал намуда, барои фаъолияти босамари кормандони ҳизб имконият фароҳам овард.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод низ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Дар идома Сарвари давлат дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро, ки бо 25 кат омода гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Зимни боздид ба Пешвои миллат иттиллоъ дода шуд, ки иншоот бо тарҳ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу техникаҳои муосири тиббӣ дар минтақа ягона буда,  дар он барои беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Президент ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳидоят намуданд.

Рӯзи гузашта дар ноҳияи Нуробод Сарвари давлат ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.

Нахуст Сарвари давлат парда аз рӯйи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти ин иншооти фарҳангӣ, ки дар водии Рашт яке аз аввалинҳо шумурда мешавад, оғоз бахшиданд. Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр қомат афрохтааст.

Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи мазкур Нишон ва Парчами давлатиро ифтитоҳ карда, чун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ба сутунпояи онҳо гулчанбар гузоштанд. Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шуда, сутунпояи Парчами миллӣ 50 метрро ташкил медиҳад.

Бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Нуробод 7 июни соли 2021 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва тибқи лоиҳа, марҳилаи якуми он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муҳлати муайянгардида мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар марҳилаи якум, тибқи лоиҳа, дар ҳудуди иншоот бунёди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, сохтмони 12 фаввора, ҳавзи обгирӣ, кашидани хатҳои муҳандисии оби нӯшокӣ, корезӣ, интиқоли барқ, сафолакпӯш кардани роҳрави асосӣ ва гулкориву майсазор намудани маркази боғ ба нақша гирифта шуда буд, ки ба пуррагӣ анҷом ёфт.

Президент зимни суҳбат бо масъулину сохтмончиёни иншооти фарҳангӣ, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Нурободро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нек арзёбӣ карданд.

Дар ҳамин рӯз ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди қисмати марказии Шаҳраки Дарбандро, ки бо дарозии 1,6 километр бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК “Шаҳрофар” таҳия ва аз ҷониби мутахасисону роҳсозони ватанӣ амалӣ карда шуд.

Ба иттилои масъулин, дар раванди бунёди роҳ ҳамчунин бо дарозии 1,6 километр қубурҳои оҳану бетонӣ ва роҳҳои пиёдагард пурра навсозӣ шуда, аломатгузории роҳ ва чароғонкунии он низ мувофиқи стандартҳои муосир анҷом дода шудааст.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи корҳои сомонёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам обод намудани роҳу гулгаштҳо дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Рӯзи гузашта Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод ҳамчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карданд. Сарвари давлат зимни боздид аз намоиши дастранҷи мардум ва ҳунармандони чирадасти ноҳияи Нуробод, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳамраъйии онҳо нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ изҳори сипос намуданд.

Боздиди Президент аз навоҳии минтақаи Рашт идома дорад.