Амрико ба Тоҷикистон 115 ҳазор ваксинаи Pfizer дод

Shared to Facebook

Иёлоти Муттаҳида тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) нахустин бастаи иборат аз тақрибан 115 ҳазор воя ваксинаи Pfizer-и зидди COVID-19-ро ба Тоҷикистон дастрас кард.

Бино ба хабари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ваксинаҳои боқимонда дар охири ин ҳафта ба кишвар ворид шуда, шумораи умумии онҳо ба 325 260 воя мерасад:

“Ин интиқоли вояи ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон як қисми хайрияи Ҳукумати ИМА мебошад, ки тавассути Маркази дастрасии глобалӣ ба ваксинаҳои алайҳи COVID-19 (COVAX), яъне 500 миллион вояи ваксинаи бехатар ва муассири COVID-19 барои ҷаҳон мебошад”, — омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ин хайрия илова ба 1,5 миллион вояи ваксинаҳои Moderna мебошад, ки Иёлоти Муттаҳида 26 июли имсол ба Тоҷикистон фиристод.

COVAX инчунин 461,440 воя ваксинаи AstraZeneca-ро ба Тоҷикистон якчанд маротиба интиқол додааст.

Илова бар ин, ба Маркази миллии эмгузаронӣ ҳашт яхдони 258-литраи ултра хунук интиқол дода шуда, бо талошҳои ЮНИСЕФ панҷтои онҳо насб карда шудаанд.

Ҳукумати ИМА дар технологияе, ки Тоҷикистон бори аввал истифода мебарад, саҳми худро гузоштааст. Дар ин бора Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм изҳор дошт:

“Ин ҳадяи нави ваксинаи Pfizer ҳаёти боз ҳам бештари одамонро наҷот хоҳад дод. Ман ифтихор мекунам, ки бо Тоҷикистон барои хотима бахшидан ба пандемия ҳамкорӣ мекунам. Дар якҷоягӣ мо метавонем ба ин офати марговар хотима гузорем ва иқтисодиёти худро барқарор кунем. Мо минбаъд низ ба мардуми Тоҷикистон дар рафъи ин вирус кумак хоҳем кард ва ин бӯҳронро якҷоя паси сар мекунем!”, — гуфт вай зимни тақдими ваксинаҳо.

Ин вояи ваксинаҳо як қисми кумаки иловагии ҳамоҳангшуда барои таҳкими системаи тандурустии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад: хариди маводи таъҷилӣ, ки ба пешгирӣ ва назорати сироят мусоидат мекунанд; беҳтар намудани иқтидори лабораторияҳои Тоҷикистон; беҳтар кардани назорат, вокуниш ва назорати беморҳои COVID-19; рушд ва густариши фарогирии тандурустӣ, иртиботи хатар ва иштироки ҷомеа ва дастгирии густариши ваксинаи COVID-19.

Сафорат мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида ҳамкориро бо Тоҷикистон идома хоҳад дод, то пандемияи COVID-19-ро коҳиш диҳад, таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии онро кам намояд ва ҷаҳонро барқарор кунад, то ки барои хуруҷи оянда боз ҳам беҳтар омода бошад.

Зимнан, ҳафтаи гузашта хабар дода шуд, ки Иёлоти Муттаҳида тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон 2,8 миллион доллар кумаки таъҷилӣ ҷудо намуд.