CIA ба маълумоти Исроил дар бораи нақшаи террори Трамп шубҳа дорад

Shared to Facebook

Хадамоти марказии иктишофии ИМА (CIA) маълумоти аз ҷониби Исроил пешниҳодшуда дар бораи эҳтимоли сӯиқасд ба ҷони президенти ИМА Доналд Трамп аз ҷониби Эронро кофӣ ва боэътимод намешуморад. Дар ин бора The Washington Post бо истинод ба мансабдорони амалкунанда ва собиқи сохторҳои истихборотии ИМА хабар додааст.

Тибқи иттилои нашрия, таҳлилгарони CIA маълумоти иктишофии аз ҷониби Исроил дар бораи таҳдиди эҳтимолӣ ба Трампро таҳлил карда, ба хулоса омадаанд, ки далелҳои пешниҳодкардаи Исроил барои тасдиқи чунин хатар кофӣ нестанд. Онҳо ин мавқеъро ба намояндагони маъмурияти ИМА расонидаанд.

Аммо Кохи Сафед ва Хадамоти махфии ИМА тасмим гирифтаанд, ки ҳатто дар сурати номуайян будани маълумот, чораҳои иловагии амниятӣ андешанд.

Масъала ба сафари Трамп ба Туркия дар аввали моҳи июл рабт дорад. Тибқи гузориши The Washington Post, баъд аз нишасти НАТО дар Анкара, ки рӯзҳои 7-8 июл баргузор гардид, Трамп аввал ба ҳавопаймои маъмулии президентӣ савор шуд.

Баъд аз чанд дақиқа ӯ пинҳонӣ ба ҳавопаймои низомии C-32A гузаронида шуда, тавассути он Туркияро тарк кардааст.

Дар аввал маъмурияти ИМА мегуфт, президент дар ҳавопаймои президентии худ қарор дорад. Баъдан маълум шуд, ки ин як иқдоми амниятӣ барои гумроҳ кардани ҳамлагарони эҳтимолӣ будааст.

Трамп рӯзи 11 август тасдиқ намуд, ки бо тавсияи Хадамоти махфӣ ва низомиёни ИМА аз Туркия бо ҳавопаймои дигар парвоз кард.

Ҳамин тавр, маълумоти дар бораи таҳдид ба Трамп аз ҷониби CIA ҳамчун далели қотеъ арзёбӣ нашудааст. Бо вуҷуди ин, сохторҳои масъули амнияти президент эҳтимоли хатарро сарфи назар накардаанд.

Ҳамакнун чанд сенатори демократ аз маъмурияти Трамп талаб доранд, ки ҷузъиёти ин амалиёти махфӣ ва сабабҳои қабули чунин қарорро шарҳ диҳад.