Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши як навъи нави қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ҳушдор додааст. Қаллобон бо истифода аз номи ниҳодҳои расмӣ ба шаҳрвандон ваъдаи гирифтани қарзҳои имтиёзнок медиҳанд ва барои ба даст овардани боварии онҳо ҳатто ҳуҷҷат ва логотипи қалбакӣ месозанд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳое паҳн мешаванд, ки гӯё барои шаҳрвандон дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок мусоидат мекунанд. Аммо пушти ин пешниҳодҳо метавонанд қаллобон истода бошанд.
Барои боварибахш нишон додани эълонҳои худ онҳо аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, логотипҳо ва унсурҳои сохтаи расмӣ, фикру мулоҳизаҳои бардурӯғ ва ҳатто ботҳои сохта истифода мебаранд.
Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки шаҳрвандон бояд як нуктаи муҳимро дар хотир дошта бошанд: Бонки миллӣ ба аҳолӣ мустақиман қарз намедиҳад.
Ин ниҳод ҳамчунин ба шахсони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ анҷом намедиҳад, барои интиқоли маблағ аз шаҳрвандон дархост намекунад ва тавассути паёмрасонҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ ё шаҳодатномаи кормандони худро ирсол намекунад.
Аз ин рӯ, агар шахсе тавассути Telegram, WhatsApp ё дигар паёмрасон худро корманди Бонки миллӣ муаррифӣ карда, барои гирифтани “қарзи имтиёзнок” маблағ ё маълумоти шахсӣ талаб кунад, чунин ҳолат метавонад нишонаи қаллобӣ бошад.
Дар робита ба ин Бонки миллӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки ба эълонҳо ва паёмакҳои шубҳанок бовар накунанд ва ба шахсони ношинос маблағ интиқол надиҳанд.
Ҳамчунин, тавсия дода шудааст, ки пеш аз қабули чунин пешниҳодҳо шаҳрвандон маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ санҷанд.
Дар сурати гумонбар шудан ба қаллобӣ ё пай бурдан ба он ки маблағ ё маълумоти молиявии шумо ба дасти қаллобон гузаштааст, Бонки миллӣ тавсия медиҳад, ки фавран корти бонкиро масдуд карда, ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунед.
Ҳушдори Бонки миллӣ дар ҳолест, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо барои ҷалби қурбониёни қаллобӣ торафт осонтар шудааст. Истифодаи логотипи ниҳодҳои давлатӣ ва “шарҳҳои мусбат”-и сохта низ метавонад барои шаҳрвандон чунин тасаввур эҷод кунад, ки бо як барномаи воқеии давлатӣ ё пешниҳоди расмӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Аммо як қоидаи одӣ метавонад аз зарари молиявӣ пешгирӣ кунад: агар барои гирифтани “қарзи имтиёзнок” аз шумо пешакӣ пул, маълумоти корти бонкӣ ё маълумоти махфӣ талаб кунанд, пеш аз ҳама воқеӣ будани пешниҳодро аз манбаи расмӣ санҷед.




