Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2026 таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Шарифхон Сафарзода баргузор гардид. Дар ҷаласа инчунин котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок кард.
Нахуст дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят муовини раиси ВМКБ Мусо Мирзозода ҳисобот дод. Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят ба 753 миллион сомонӣ расида, суръати рушди воқеии иқтисодӣ 7,9 фоизро ташкил дод. Ба ҳар як сокини вилоят ба ҳисоби миёна 3 182 сомонӣ маҳсулоти дохилӣ рост меояд.
Тибқи ҳисобот, дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети ВМКБ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 153,7 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 154 миллион сомонӣ ворид шудааст. Нақшаи қисми даромади буҷет аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ 100,1 фоиз иҷро шудааст. Ҳамчунин, ба ҳолати 5 июли соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат вуҷуд надорад.
Дар бахши фаъолияти низоми бонкӣ гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ба маблағи 215,2 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 фоиз ё 59,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми пасандозҳо низ ба 650,3 миллион сомонӣ расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 104,2 миллион сомонӣ ё 19,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Муовини раиси вилоят инчунин гуфт, ки мақомоти ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия барои гузаштан ба низоми гардиши электронии ҳуҷҷатҳо чораҳои амалӣ андешидаанд. Ба истиснои ноҳияҳои Мурғоб ва Роштқалъа, дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра ба ин низом гузаштаанд.
Ба иттилои мақомоти вилоят, айни замон дар ВМКБ 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 348 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад, ки то имрӯз 294,5 миллион доллари он аз худ карда шудааст.
Дар соҳаи саноат шумораи корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ аз 191 адади аввали сол ба 207 адад расидааст ва гуфта мешавад, ки ин раванд то охири сол идома хоҳад ёфт. Дар ҳамин давра ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 245,6 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 299,2 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 миллион сомонӣ бештар шудааст.
Дар идомаи ҳисобот фаъолияти соҳаҳои роҳу алоқа, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон, варзиш ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ низ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон
Юсуф РАҲМОН
Дар суханронии худ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бори дигар аз хизматҳои раиси марҳуми ВМКБ Алишер Мирзонабот ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят арзанда номид.
Зимни муҳокимаи ҳисобот котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо дарназардошти ҳар сол бунёд гардидани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мақомоти шаҳру ноҳияҳо бояд барои коҳиш додани вобастагӣ аз субвенсия ва паст намудани шиддати муҳоҷирати аҳолӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Юсуф Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки корҳои ободониву созандагӣ бояд на танҳо ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, балки ба таври мунтазам идома дода шаванд. Ба гуфтаи ӯ, сохтмони ҳар як иншоот дар баробари беҳтар намудани симои шаҳру ноҳияҳо ба рушди иқтисоди минтақа низ мусоидат мекунад. Ӯ инчунин зарурати таваҷҷуҳи бештар ба таъсиси корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳиро таъкид намуда, гуфт, ки ВМКБ барои рушди ин бахш имкониятҳои зиёд дорад.

Шарифхон САФАРЗОДА
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода бошад, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди зиёд шудани имкониятҳои ҷалби андоз, нишондиҳандаҳои ҷамъоварии андоз ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Ӯ инчунин аз хароҷоти буҷет дар давраи ҳисоботӣ изҳори норозигӣ намуд.
Дар посух, сардори Сарраёсати молия дар ВМКБ холӣ мондани воҳидҳои корӣ дар идораҳо ва муассисаҳо, инчунин дар захира мондани сӯзишвории солҳои гузашта барои зимистонгузарониро аз омилҳои асосии ин ҳолат арзёбӣ кард.
Шарифхон Сафарзода дар ҷамъбасти ҷаласа нишондиҳандаҳои омории нимсолаи аввали соли 2026-ро дар маҷмӯъ қонеъкунанда арзёбӣ карда, гуфт, ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишон медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои молиявии худро пурра ва сари вақт иҷро кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зарур аст, ки тамоми сохторҳо бо истифода аз тамоми донишу таҷрибаи худ барои сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни миллӣ фаъолияти худро тақвият бахшанд.
Дар анҷоми ҷаласа вазифаҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян гардида, масъулон барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар самтҳои фаъолияти худ вазифадор шуданд.
__










