Мактабу маориф дар Тоҷикистон: Мушкилот кам нестанд… Чаро тадбирҳои то имрӯз андешидаи Ҳукумат ва Роҳбари давлат натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳанд?

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 17 август бахшида ба “Рӯзи дониш” – оғози соли хониши 2020-2021, дар шаҳри Душанбе ду муассисаи таълимиро мавриди истифода қарор дода, ҳамчунин бо аҳли маориф мулоқот карданд.

Нахуст бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз се қисми 3 ошёна ва як бинои ду ошёна иборат мебошад. Бинои иловагӣ барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 230 ҷой пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 ба истифода дода шуд, ки барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии иншоотҳои навсохт баҳои баланд дода шуда, иқдомҳои соҳибкорон намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ гардид.

Пас аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ, Президент бо маорифчиёни пойтахт мулоқот намуданд. Сарвари давлат дар суханронӣ вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири пандемияи короновирус, тадбирҳои ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба пешгирии паҳншавии ин бемории нави сироятӣ, иқдомҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмини ҷойҳои нишаст барои хонандагон ва вазифаҳои оянда дар назди маорифчиён ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ таъкид карданд.

Гуфта шуд, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим, дар кишвар бунёди даҳҳо муассисаи таълимӣ бо дарназардошти талаботи замон идома доранд ва то таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бештари онҳо ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, мутобиқ кардани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, ба талаботи замон мутобиқ кардани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ, беҳдошти ҳолати тамоми муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷет андешаронӣ карда, барои ҳалли мушкилот дар ин самт ба Ҳукумати кишвар, масъулини вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудааст. Моҳи июли соли ҷорӣ қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020 — 2040” қабул гардид.

Президент гуфтанд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимии фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба таҷдиди назари ҷиддӣ ниёз доранд. Яъне зарур аст, ки миқдори соатҳои таълимии фанҳои табииву риёзӣ дар давоми солҳои 2020-2040 зиёд карда шавад.

Бинобар ин, вазоратҳои маориф ва илм, молия, Академияи таҳсилот, ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати бознигарии ҷиддии нақшаҳои таълимӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалии таълим барои зиёд намудани соатҳои таълимии фанҳои табииву риёзӣ аз ҳисоби истифодаи захираҳои молиявии иловагӣ бидуни кам кардани ҳаҷми фанҳои гуманитарӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар кишвар зарурати таваҷҷуҳи бештар ба илмҳои табиӣ пеш омадааст:

“Ин зарурат бо ҳадафи чаҳоруми миллии мо — саноатикунонии босуръат ва таъмин намудани рушди минбаъдаи Тоҷикистон вобаста мебошад”.

Тоҷикистон дорои ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ аст, вале ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шуда, дар соҳаҳои вобаста ба иктишофу ҷустуҷӯи боигариҳои мавҷуда ва истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисос ниёзи зиёд дорем, гуфтанд Сарвари давлат.

Нигаронӣ шуд, ки то ба ҳол майлу завқи наврасону ҷавонон ба омӯхтани илмҳои амалӣ кам аст.

Тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” солҳои 2014-2019 бояд дар кишвар 859 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ таъсис дода мешуд. Аммо, ба гуфати Сарвари давлат, ҳоло дар 153 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, 151 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 15,9 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки чунин нишондиҳанда ба талабот умуман ҷавобгӯ нест ва эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолиро ба муассисаҳои ин зинаи таълим қонеъ карда наметавонад. Гуфта шуд, дар ин масъала, ба истиснои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қафомонии ҷиддӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳамчунин, мувофиқи барномаи зикршуда, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд 331 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил мегардид. Вале то ҳол 14 муассисаи хусусӣ таъсис дода шудааст, ки ин ҳамагӣ 4,2 фоизи иҷрои барнома мебошад:

“Чунин ҳолат возеҳ нишон медиҳад, ки фаъолияти роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дар самти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ғайриқаноатбахш буда, имтиёзҳои дар ҷодаи бунёди муассисаҳои таълимии хусусӣ муқарраргардида ба таври зарурӣ истифода нашуда истодаанд”, — нигаронӣ кардан Президент.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои ислоҳи мушкилоти зикршуда чораҳои қатъии ҳамоҳангшуда андешанд.

Гуфта шуд, яке аз мушкилҳои дигари соҳа, ки ба сифати таълим дар ин зинаи таҳсилот таъсири манфӣ расонида истодааст, то ҳол ба хонандагон пурра дастрас набудани китобҳои дарсӣ мебошад:

“Тибқи маълумот, ҳанӯз муассисаҳои таълимии баъзе шаҳру ноҳияҳо аз норасоии китобҳои дарсӣ танқисӣ мекашанд ва чунин ҳолат дар муассисаҳои таҳсилашон бо забонҳои дигар низ ба мушоҳида мерасад, ки аз масъулони соҳа андешидани тадбирҳои ҷиддиро тақозо менамояд”.

Мушкилоти дигари муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври кофӣ таъмин набудани онҳо бо маводи таълимии озмоишӣ, реактивҳои химиявӣ ва асбобу таҷҳизот барои фанҳои химия, физика ва биология мебошад, ки гуфта шуд, ин ҳолат низ боиси паст шудани сатҳу сифати таҳсилот гардидааст.

Таъкид гардид, ки ҳарчанд дар солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо доир ба низоми идора ва дастгирии молиявии соҳаи илм, тарбияи кадрҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва ғайра зиёда аз 300 санад ба тасвиб расидааст, бо вуҷуди ин, то ба ҳол дар самти илму маориф як силсила камбудиву мушкилоте вуҷуд доранд, ки онҳо дар маҷмӯъ, монеаи пешрафти соҳаҳои зикршуда ва дар айни замон рушди кишвар гардида истодаанд, аз ҷумла:

— ҳоло ҳам паст будани сифати таълим ва вобаста ба ин, сатҳи пасти дониши хонандагону донишҷӯён, тафаккури илмии аспирантон ва як қисми олимони унвондор;

— дар сатҳи паст қарор доштани сифати таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олӣ ҳамчун воситаи асосии дастрасӣ ба дастоварди илму техника ва дигар равандҳои ҷаҳони муосир;

— сатҳи пасти таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар натиҷаи ин паст будани сатҳи тафаккури илмии донишҷӯён ва унвонҷӯёну муҳаққиқони риштаҳои мазкур;

— паст будани сатҳи касбияти кадрҳои ҷавон, хусусан, дар соҳаи тандурустӣ;

— норасоии омӯзгорони соҳибтаҷриба, махсусан, омӯзгорони фанҳои табиӣ;

— истифодаи ғайриоқилонаи маблағҳои буҷетӣ дар самти илм ва таҳқиқоти илмӣ;

— коррупсия дар соҳаи илму маориф.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Президент, ҳоло маблағгузории соҳаи маорифи Тоҷикистон ба кишварҳои дар ин самт пешқадам дар як саф қарор дорад.

Гузашта аз ин, дар сиёсати давлати Тоҷикистон соҳаи маориф самти афзалиятнок эътироф шудааст ва Ҳукумати мамлакат ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, маблағгузории онро давра ба давра афзоиш дода истодааст:

“Масалан, дар соли 2020 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 689 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он 19,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Аммо савол ба миён меояд, ки чаро тадбирҳои то имрӯз андешидаи Ҳукумат ва Роҳбари давлат дар самтҳои мазкур натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳанд ва илму маорифи мо ҳанӯз ба таври назаррас рушд накарда истодааст?

Аз таҳлили ҳолати имрӯзаи маориф ва илми кишвар бармеояд, ки низоми то ҳанӯз номукаммали идораи илму маориф, нарасидани кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва поквиҷдону ватандӯст, инчунин, роҳ ёфтани гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба сохторҳои алоҳидаи соҳаҳои мазкур боиси ба чунин вазъ гирифтор шудани илму маориф гардидааст.

Фикр мекунам, ки маҳз бо ҳамин сабаб санадҳои муҳимми то имрӯз ба хотири рушди соҳаҳои илму маориф қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат сари вақт ва босифат амалӣ карда намешаванд”, — нигаронӣ карданд Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки “Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2015” ба таври зарурӣ иҷро нашуда, бо вуҷуди афзоиши мактабҳои олӣ, шумораи кормандони соҳибунвон, аз ҷумла номзадҳои илм, дар муқоиса бо соли 1985 тақрибан 300 нафар кам аст.

Ё худ, “Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020”, ки иҷрои ин барнома низ дар рӯи коғаз буда, ба рушди соҳаҳои марбута умуман мусоидат накардааст ва солҳои тӯлонист, ки соҳаҳои дар барнома зикршуда дар ҳолати хароб қарор доранд.

Ҳамчунин, таҳқиқот доир ба самтҳои афзалиятноки илм ва мавзӯъҳои фармоишӣ дар тамоми давраи истиқлолият бе дарназардошти талаботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба роҳ монда шуда, ҳамасола тақрибан 350 мавзӯъ аз буҷети давлат маблаггузорӣ мешавад, ки аслан натиҷа намедиҳад.

Сатҳу сифати амалигардонии барномаҳои дар соҳаи маориф қабулшуда низ беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Масалан, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” қабул ва амалӣ карда шуд.

Гарчанде нақшаи бо компютер таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ пурра иҷро гардид, тибқи таҳлилҳо, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони фанни мазкур, ки вазифаи Вазорати маориф ва илм аст, умуман иҷро нашудааст.

Маҳз бо ҳамин сабаб дар аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ истифодаи компютерҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Ҳамчунин, ҳоло марҳалаи сеюми амалисозии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” шурӯъ мешавад, вале дар ин самт то имрӯз натиҷаи назаррас мушоҳида намегардад ва вазъ чун пештара нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Вазъи татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” низ ташвишовар арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, дар 14 сол, яъне аз соли 2006 то имрӯз аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионии назди Академияи миллии илмҳо бо сабаби бесалоҳиятии роҳбарону масъулони он тақрибан 3800 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 70 муассисаи илмӣ ва тамоми мактабҳои олӣ, аз ҷумла 34 пажӯҳишгоҳи илмиву таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникӣ, муассисаҳои тиббӣ ва дигар муассисаву озмоишгоҳҳои соҳаҳои гуногун бо таҷҳизоти муосири лабораторӣ ва реактивҳои химиявӣ ба таври кофӣ таъмин карда намешаванд.

Дар натиҷа ҳоло як насли муаллимони фанҳои табиии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бидуни дониши зарурӣ ба шогирдон дарс мегӯянд ва акнун ислоҳи ин вазъ вақт ва заҳмати зиёдро талаб менамояд.

Ин аст, ки дар паёмҳои шаш соли охири Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ доир ба масъалаҳои муҳимму ҳалталаби соҳаҳои илму маориф эродҳои ҷиддӣ гирифта шуда, барои бартараф кардани онҳо супоришҳои мушаххас низ дода шудаанд.

Таҳлили нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президент нишон медиҳанд, ки иҷрои бандҳои ба соҳаҳои илму маориф дахлдор дар сатҳи бисёр паст ба роҳ монда шудааст. Ва аксари супоришҳо аз ҷониби иҷрокунандагон бо пешниҳоди маълумотномаҳои беасос аз назорат гирифта шудаанд.

Вобаста ба оғози соли нави таҳсил ба масъалаи бисёр муҳими беҳдоштӣ таъкид гардид ва аз падару модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дархсот шуд, ки бояд ба хонандагону донишҷӯён қоидаҳои беҳдошти шахсиро доим хотиррасон созанд ва риояи ҳатмии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд:

“Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо вазифадоранд, ки дар ин самт тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.

Мо ба кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки хатари бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирусро саҳл нагиранд ва бо саломативу ҳаёт бозӣ накунанд”, — таъкид намуданд Сарвари давлат.