Рустами Эмомалӣ дархост кард, ки фаъолияти молиявии шаҳрдории Душанбе санҷида шавад

Shared to Facebook

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост намудааст, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2021 санҷида шавад.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дархост “бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе” фиристода шудааст.