30 соли муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 2 январ бо Раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷаи он кишвар Муҳаммадҳасан Шайхулисломӣ мулоқот кардааст:

“Зимни мулоқот ҳамкории ниҳодҳои тадқиқоти стратегии ду кишвар, ҳамчунин баргузории чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, — хабар дод Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифтааст. 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 9 январи соли 1992 барқарор шуданд.

Сафорати Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Моҳи июли соли 1995 Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ифтитоҳ гардид.

Муносибатҳои ҳарду кишварро зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба танзим медароранд.