Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон: 29 санади нави ҳамкорӣ дар баррасӣ қарор дорад

Shared to Facebook

Зимни мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарвазирони ҳарду кишвар дар шаҳри Хуҷанд масоили марбут ба ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм, фарҳанг, содироту воридоти маҳсулот, тандурустӣ, роҳи оҳан, гумрук, энергетика ва дигар бахшҳо баррасӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 24 апрел сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Мулоқоти хоссаи роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ва мулоқоти ҷонибҳо дар доираи маҳдуд ва васеъ баргузор гардид.

Таъкид гардидааст, ки дар доираи ҳадафҳои созанда ва дурбинонаи президентҳои ҳарду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстӣ миёни ин ду кишвар афзуда, дар ин самт дастовардҳои назаррас рӯи кор омад:

“Бунёду ба истифода супоридани иншооти таъиноти гуногун дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо саҳми ҳарду ҷониб собитгари робитаи нек доштани ин ду кишвари бо ҳам дӯст мебошад”, — гуфта шудааст дар мулоқот.

Зимнан, Ӯзбекистон яке аз шарикони пешсафи иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши мол миёни ин кишварҳо дар соли 2020 ба 333,8 миллион доллар расид. Бино ба маълумоти расмӣ, дар самти раддабандии кишварҳои бо Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулотдошта Ӯзбекистон мавқеи сеюмро ишғол менамояд.

Новобаста аз натиҷаҳои бадастомада афзун намудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун зарур шуморида шудааст.

Зикр гардидааст, ки дар самти равнақ бахшидани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 29 созишномаву шартномаи нави ҳамкорӣ дар баррасӣ қарор дорад.

Вобаста ба истифодаи имкониятҳои то ҳол истифоданашуда миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ниҳодҳои ваколатдор талаб карда шудааст, ки дар ин самт ҳарчӣ зудтар чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар идома ҳайати расмии Ӯзбекистон бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд боздид кардаанд.

Ба ҳайати меҳмонон расму оин, фарҳанг, таърих, мероси ғаннӣ доштани миллати тоҷик ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол муаррифӣ карда шудааст.