Брифинги Сафири Тоҷикистон дар Чин оид ба авлавиятҳои давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ

Shared to Facebook

12 январи соли 2021 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин конфронси матбуотии Сафири Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар бораи авлавиятҳои кишварамон дар давраи раёсат дар СҲШ (2021) баргузор гардид.

Пас аз сухани ифтитоҳии Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, маросими муаррифии рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, ки чанде пеш Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуда буданд, доир шуд.

Сафири кишварамон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар давраи раёсати кишвари мо дар СҲШ, ки ба ҷашни 20-солагии таъсисёбии Созмон рост меояд, Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки фаъолияти густардаи худро пай дар пай  ҷиҳати рушди бештари Созмони ҳамкории Шахай ва таҳкими иқтидори он пеш барад.

Дар шароити ҳамагирии коронавируси нав ва таъсири манфии он ба раванди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар паҳнои СҲШ таваҷҷуҳи хосса хоҳад дод ва ба таҳкими ҳамкории муштарак бо истифода аз тамоми имконот ва захираҳои мавҷуда барои мубориза бо ин бемории сироятӣ ва ҳамёрии кишварҳои узви Созмон саъй хоҳад кард.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ доир ба зарурати густариши  ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ, таҳия ва қабули Нақшаи чорабиниҳои  аввалиндараҷа ҷиҳати коҳиш ва рафъи оқибатҳои буҳрони иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, таъсиси ниҳоди махсуси молиявии Созмон, вусъати фаъолияти Шӯрои соҳибкорон ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, истифодаи васеи имконоти транзитию нақлиётӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ ва энергетика таъкид кард.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар давраи раёсат Тоҷикистон ният дорад, ки нахустин ҷаласаи вазирони саноат ва энергетикаи кишварҳои узви СҲШ, ҷаласаи вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмонро бо иштироки идораҳои масъули амнияти озуқаворӣ баргузор кунад.

Бори дигар ба аҳамияти таҳияи заминаи ҳуқуқии интиқоли бемамониати молҳои барои ҷомеа муҳим, аз ҷумла хӯрокворӣ ва доруворӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нигоҳдории тандурустӣ таъкид шуд.

Гуфта шуд, ки дар заминаи ҳамкории башардӯстона Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда дар СҲШ, аз тамоми пешниҳодҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ,  инчунин кор бо ҷавонон истиқбол мекунад ва ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ба шумули масъалаҳои тағйирёбии иқлим аҳаммияти махсус хоҳад дод.

Бахши алоҳидаи суханронии Сафир ба масоили таъмини пойдории сулҳу субот дар минтақа ва муборизаи муштарак бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва чолишҳои амниятӣ, аз ҷумла мушкилоти марбут ба маводди мухаддир, масъалаҳои амнияти киберӣ, дарёфти роҳҳои рафъи сабабҳои иҷтимоии зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ рабт дошт. Таъкид гардид, ки дар ин замина Тоҷикистон пешниҳоди қаблии худро дар мавриди таъсиси Маркази доимоамалкунандаи зидди маводди мухаддири СҲШ дар Душанбе муҳим арзебӣ менамояд.

Таҳкиму тавсеаи ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар самти ниҳодҳои мудофиа ва хадамоти марзбонӣ, пурзӯр намудани иқтидори давлатҳо дар бахши ҳимояи марзҳо, ҷустуҷӯи роҳҳои дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон нигаронидашуда, аз ҷумла фаъолтар кардани кори Гурӯҳи тамос “СҲШ — Афғонистон”, аз ҷумла татбиқи харитаи роҳи он муҳим арзёбӣ гардид.

Сафир ҳамчунин ба самъи ҳозирин расонд, ки зимни раёсат дар СҲШ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таҳкими мавқеъи байналмилалии СҲШ, давом додани таҷрибаи доир намудани чорабиниҳои муштараки сатҳи баланд миёни СҲШ ва СММ, фаъолтар кардани ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои нозир ва шарики муколама, фаъол сохтани ҳамкории амалӣ бо шарикони минтақавии  дорои вазифаҳои ба ҳам монанд, ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар поёни суханронӣ Сафири Тоҷикистон Зоҳир Саидзода бар он таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Саммити ҷашнии сарони давлатҳои узви СҲШ-ро 16-17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор намояд.

Дар конфронси матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвари маҳалли иқомат ва кишварҳои узви СҲШ иштирок карданд.

https://mfa.tj/