28 солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

Shared to Facebook

14 январи соли 2021 ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 28 сол пур мешавад. Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба пайвандҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангию маънавӣ асос ёфтаанд.

Муколамаи сиёсии байни ду кишвар батадриҷ рушд мекунад ва ҷиҳати равнақи бештари он абзорҳои лозим — Шӯрои ҳамоҳангсози байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаолият доранд.

Машваратҳои сиёсӣ байни роҳбарият ва воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд. Ҷонибҳо Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷиро барои солҳои 2021-2022 ба имзо расониданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон барои истифодаи имкониятҳои нуҳуфтаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ чораҳои зарурӣ андешида, баҳри рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фаолияти сармоягузории мутақобил шароити мусоид фароҳам меоранд.

Кишварҳо чун анъана дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои зич дошта, аз таҷрибаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода мебаранд.

Дар соли 2018 Қирғизистон дар баробари 190 кишвари узви СММ қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро, ки бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, пешниҳод шуда буд, дастгирӣ кард. Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро, ки бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон таҳти унвони “Табиат бидуни марз: ҳамкории фаромарзӣ — омили асосии ҳифз ва истифодаи устувори биогуногунӣ» пешниҳод гардида буд, ҷонибдорӣ намудааст.

Тоҷикистон бар он ақидааст, ки мардумони тоҷику қирғиз бар пояи принсипҳои дӯстию ҳусни ҳамҷаворӣ, аз қадимулайём ҳамзистии осоишта ва бунёдкорона дошта, минбаъд низ ба рушди бемайлони маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.

https://mfa.tj/