Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев созишномаҳои пас аз сафари расмияш ба Тоҷикистон баимзорасидаро самти асосии таҳкими ҳамаҷонибаи равобити дуҷониба арзёбӣ намудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматҳои ҳарду кишвар барои амалӣ намудани дастурҳои сарони давлатҳо фаъолона кор мебаранд ва аллакай натиҷаҳои амалӣ ба даст омадаанд.
Вай ин нуктаро зимни мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳор доштааст.
“Қосим-Жомарт Тоқаев ҷараёни мусбати ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистонро, ки устувории олиро дар баробари мушкилоти мавҷуда нишон медиҳад, зикр намуд. Ба ин муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи сарони давлатҳо ва инчунин фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳукуматҳо мусоидат мекунад”, — хабар дод хадамоти матбуотии Президенти Қазоқистон.
Қосим-Жомарт Токаев ҳамчунин ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили босифати нишастҳои ахири СААД ва СҲШ дар Душанбе таманниёти нек ва изҳори сипос намудааст.
Бино ба маълумоти котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, зимни мулоқоти Токаев ва Рустами Эмомалӣ маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба яке аз кӯчаҳои пойтахти Қазоқистон гузоштани номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бунёди нимпайкараи ӯ, ба Президенти Қазоқистон изҳори сипос намудааст.
Зимни баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Зикр гардидааст, ки бо дарназардошти вазъияти мураккаби Афғонистон, таҳдиду хатарҳои нав дар минтақа ва зарурати таҳкими сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, ҳамкорӣ дар самти ҳарбию техникӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.