“Толибон” Афғонистонро ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ табдил доданд”

Shared to Facebook

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон Аҳмад Масъуд дар паёме ба ширкатдорони конфронси бахшида ба падараш Аҳмадшоҳ Масъуд дар донишгоҳи Оксфорди Британия гуфт, ҳаракати радикалии “Толибон” Афғонистонро ба макони терроризми байналмилалӣ табдил додаанд.

Вай дар ин паём, ки дар Ютюб низ нашр шуд, “Толибон”-ро як гурӯҳи экстремистӣ номида, гуфт, ҷонибдори ғайримутамарказ кардани низоми сиёсиву идорӣ дар Афғонистон аст, то ҳама ақвоми сокини ин кишвар имкони интихоби роҳбари худ ва таъсиргузорӣ дар таъини сиёсатҳоро дошта бошанд:

“Бовар дорем, ки ғайримутамарказ кардани низоми сиёсиву идорӣ (дар Афғонистон) беҳтарин роҳ барои оянда мебошад. Дар заминаи чунин низом ақвоми бумӣ имкон хоҳанд дошт ки роҳбарони маҳаллии худро интихоб кунанд ва онҳо дар назди сокинон ҳисоботдиҳанда бошанд. Дар ин сурат сокинон имкон хоҳанд дошт, дар таъини сиёсатҳо дар маҳалли сукунати худ иштироки фаъол дошта бошанд”, — гуфт Аҳмад Масъуд.

“Системае, ки танҳо як бахши ҷомеаи Афғонистонро муаррифӣ мекунад, ғайриамал буда, ноком хоҳад шуд.

Таърихи Афғонистон собит кард, ки ташкили ҳукумат бар асоси танҳо як бахши ҷомеа ва бор кардани он ба тамоми мардум бесамар аст”, — гуфт Масъуд ва таъкид кард, ки мардум бояд раҳбарони худро интихоб кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, падараш Аҳмадшоҳ Масъуд низ ҷонибдори чунин низом буд, ки шараф, ҳайсият ва адолати иҷтимоиро барои ҳамагон таъмин кунад.

Вай гуфт, падараш зидди режимҳои мустамликавӣ ё ҳукумати гурӯҳҳои экстремистие, мисли “Толибон” мубориза мебурд.

Ба гуфтаи Аҳмад Масъуд, “Толибон” аз рӯзи дигарбора ишғол кардани ҳукумат дар Кобул “бо идомаи террору тахрибкорӣ ва кирдорҳои ваҳшиёна бори дигар ҷомеаҳои гуногунро гирифтор карданд. “Толибон” кишвари моро ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ табдил доданд, ки барои минтақа ва ҷаҳон хатари зиёд дорад”, — афзуд ӯ.

Вай бо интиқод аз “Толибон” гуфт, ин ҳаракати радикалӣ баъди ба қудрат расидан дар Кобул ҳуқуқи занонро нодида гирифт ва ононро аз ҳаққи таҳсил маҳрум кард.

Аҳмад Масъуд гуфт, Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба он хотир ташаккул дод, ки ормонҳои падарашро идома диҳад ва орзӯи мардуми Афғонистонро амалӣ созад.

Ӯ гуфт, хоҳони як давлати фарогир ҳастанд, давлате, ки ба ҳуқуқи занон эҳтиром гузорад ва бо тамоми кишварҳо робитаи ҳасана дошта бошад.

“Ҳадафи ҷабҳа озодии Афғонистон, дифоъ аз ҳуқуқи худ, амният ва эҳтиром ба мероси фарҳангиву таърихӣ аст”, — таъкид кард ӯ.

Аҳмад Масъуд аз тамоми кишварҳое, ки ба мардуми Афғонистон кумак мекунанд, истиқбол карда ва таъкид намудааст, ки агар кумаке ҳам ироа нашавад, онҳо ба танҳоӣ муборизаро барои истиқлоли Афғонистон идома медиҳанд:

“Мо ба ҳеч унвон ҷангро ба касе таҳмил накардаем ва ҳамеша дари музокираро боз гузоштаем. Ин тасмими дигарон буд, ки ҷангро бар мо таҳмил карданд. Пеш баён мекардем, ки ин гуруҳ ҳеч боваре ба ҳуқуқи инсон, хусусан зан ва озодӣ надорад”, — изҳор доштааст Аҳмад Масъуд.

Вай ботаъкид гуфтааст, муборизаашон барои арзишҳоест, ки даҳсолаҳо мардуму миллат барои он қурбониҳо додаанд.