“Набояд аз 30-40 нафар бештар бошад”. Тартиби нави иштирок дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ муайян шуд

Shared to Facebook

Дар Тоҷикистон тартиби нави иштирок дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ муайян шуда, шумораи иштирокунандагон хеле маҳдуд гардид.

Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод:

“Дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус минбаъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила, бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда мешавад”,-иттилоъ дод дафтари матбуот Кумита.

Ҳамакнун, тибқи тартиби нав, ки аз имрӯз, 27 июл, амалӣ мешавад, шумораи ҳадди аксари иштирокдорон дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ набояд аз 30-40 нафар бештар бошад.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Кумита ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқия ирсол гардидааст.

Ба гуфтаи котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон Афшини Муқим, тартиби мазкур то ба эътидол омадани вазъ дар ҷумҳурӣ вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 амал мекунад.

Қаблан Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ, аз 20 июни соли 2020 дар кишвар барои гузаронидани тӯйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то 100 нафар даъватшуда ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода буд.