Суғд: Истеҳсолот афзуд, аммо иқтисодиёт осеби ҷиддӣ дид. Раиси вилоят гуфт, маблағҳои ҷудогардида куҷо шуданд

Shared to Facebook

Барои пешгирии паҳншавии коронавируси COVID-19 аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд 9 миллиону 561,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Маблағи ҷудошуда барои харидани таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои махсус барои табибон, доруворӣ ва маводи антисептикӣ, кӯмаки моддӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва иловапулӣ ба маоши онҳо равона карда шуд.

Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҷараёни масрафоти маблағҳои буҷавӣ аз сӯи муовинони Раиси вилоят назорат мешуд ва хариди маводи тиббӣ ва ё пардохти маоши табибон ҳам бар асоси ҳуҷҷат сурат гирифт:

“Маблағҳои барои пешгирии пандемияи COVID-19 ҷудошуда мақсаднок истифода шудаанд. Ман гуфтам, ки дар чунин вазъ ба ҳолатҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд, зеро аз ин ҳисоб ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳо гуноҳ аст ва ҳам дар назди виҷдон кори дуруст нест. Маблағҳои ҷудошуда тин ба тин ба дасти охирин табибон дода шудааст”, — гуфт Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар оғози хуруҷи бемории коронавирус феҳристи табибон дар шаҳру навоҳии вилоят тартиб дода шуда ва барои ҳар кадоми онҳо ба қадре маводи хӯрока низ дастрас карда шудааст.

Ҳукумати Суғд тасмим дорад, рӯзи 18-уми август, дар рӯзи касбии кормандони тиб, ҳамаи кормандони соҳаро, ки барои саломатии мардум талош мекунанд қадршиносӣ намояд:

“Табибони тоҷик дар замони хуруҷи беморӣ аз худ қаҳрамониҳо нишон доданд ва ворисони Синои бузург будани худро собит намуданд. Бино бар ин, мо чӣ қадаре ки табибонро дастгирӣ кунем, ин кам аст”, — гуфт Аҳмадзода.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Раиси вилоят, пандемияи COVID-19 ба фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди соҳаи иқтисодиёт осеби ҷиддӣ расонид. Аз ҷумла, бо сабаби хуруҷи бемории мазкур ҳудуди 500 миллион сомонӣ кору даромад дар соҳаи саноат иҷро нашудааст:

“Аз сабаби доман паҳн кардани бемории коронавирус робитаҳо ба тамоми ҷаҳон аз ҷумла бо кишвари Русия ва кишварҳои Аврупо қатъ гардид. То замони хуруҷи беморӣ қариб ҳамарӯза аз фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд то 5 тайёра бо 2 ҳазор мусофир парвоз мекард. Қариб ҳар кадоми мусофирон намояндагони касбу кори гуногуни тиҷоратӣ буданд”, — иброз намуд Аҳмадзода.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ин давраҳудуди 13 ҳазор соҳибкорони хурду миёна дар вилоят фаъолияти худро муваққатан боз доштанд. Ба ин далел то 500 миллион сомонӣ кору даромадҳо дар соҳаи саноати вилоят иҷро нагардид.

“Азбаски сарҳадҳо баста шуданд, баъзе соҳибкорони мо саривақт технологияи нав ворид карда натавонистанд. Баъзеи дигар соҳибкорон ба сафар баромада натавонистанд. Аз ҳамин лиҳоз пандемияи COVID-19 ба соҳаи иқтисодиёт осеби ҷиддӣ расонид. Бо ин вуҷуд мо коре карда ин марҳиларо паси сар мекунем”, — афзуд Раиси вилоят.

Бо вуҷуди ин, аз ҷониби саноатчиёни вилоят ба маблағи 6,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта афзоиш ба 114,4 фоиз баробар мебошад. Ҳамчунин, дар натиҷаи тадбирандешиҳо давоми шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоиз таъмин гардидааст.