Вазири тандурустӣ: “Ба мавҷи дуввуми пандемия омодаем”

Shared to Facebook

Ҳарчанд айни замон дар Тоҷикистон ба эътидол омадани вазъи паҳншавии коронавирус ба мушоҳида мерасад, эҳтимоли мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт:

“Дар саросари дунё барои пешгӯии мавҷи дуюми пандемияи коронавирус меъёрҳои муайян нестанд. Бо хулоса аз вазъи паҳншавӣ дар кишварҳои ҳамсоя, эҳтимоли мавҷи дуюм дар мо ҳам интизор меравад, лекин замони онро алҳол дақиқ гуфта наметавонем”, — афзуд вай.

Ба угфтаи ӯ, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба ҷамъоварии маълумоти эпидемиологӣ оғоз карда, ин масъаларо омӯхта истодаанд.

“Дар робита гуфта метавонам, ки мо хуб омодаем. Айни ҳол миқдори зарурии доруворӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ захира шудааст”, — итминон дод ӯ.

Ба гуфтаи Абдуллозода, тӯли ним сол ба Тоҷикистон доруворию маводи тиббӣ ва кумакҳои башардӯстона ба маблағи зерин ворид карда шудааст:

— доруворӣ ва маводи тиббӣ ба маблағи умумии 32,7 млн доллар;

— кумаки башардӯстона ба маблағи 8,3 млн доллар (ҳудуди 85 млн сомонӣ);

— маводи тиббӣ барои фурӯш ба маблағи 23,3 млн доллар (ҳудуди 250 млн сомонӣ);

— маводи тиббӣ барои муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 1,05 млн доллар (ҳудуди 11 млн сомонӣ).

Давоми ним сол аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 2,9 млн сомонӣ доруворӣ содирот шудааст.

Ҳамзамон ба гуфтаи вазир, дар як моҳи охир беш аз 8 ҳазор табиб дар баробари маошашон иловапулӣ гирифтанд. Дар марҳилаи аввал, 5256 табибе, ки дар раванди ташхис ва табобати коронавирус дар муассисаҳои тиббӣ фаъолона кор мекунанд, маоши иловагӣ гирифтанд:

“Пас аз он ки мо марказҳои саломатиро ба низоми шабонарӯзӣ гузаронидем, шумораи табибон афзоиш ёфт ва дар моҳи дуввум ин рақам ба беш аз 8 ҳазор табибе расид, ки ба маоши худ иловапулӣ гирифтанд”, — гуфт Абдуллозода.

Дар ҳамин ҳол, вай вобаста ба маълумот оид ба теъдоди сироятёфтагони COVID-19 ва фавтидагон аз ин вирус гуфт, оморе, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад, аниқ ва дақиқ мебошад:

“Дар марҳилаи имрӯза бемороне, ки мефавтанд, тамоми хешу табор ва ҳамсоя фавти ӯро ба коронавирус вобаста мекунанд. Инҷо сабаби асосии фавти беморонро табибон дар асоси таҳлили таърихи бемор ва хулосабарорӣ муайян мекунанд. Солҳои пеш бемории пневмония ба қайд гирифта мешуд, вале он расонаӣ намегардид. Ҳоло мо дар марҳилаи пандемияи COVID-19, ки имрӯз тамоми дунёро ба ташвиш овардааст, қарор дорем. Ҳар як ҳодисаи фавте, ки дар беморхонаҳо мешавад, ҳатман дар расонаҳои интернетӣ нашр мешавад ва ин боиси сару садоҳои гуногун ва нодуруст баррасӣ кардани омори Вазорат мегардад”,- гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, тибқи таҳлилҳои мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аксарияти фавтҳое, ки ба қайд гирифта мешаванд, ин, пеш аз ҳама, ба бемориҳои фишорбаландии ишемикии дил, фарбеҳӣ, бемории қанд ва тарсу ваҳм (стресс) вобастагӣ доранд.