Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе баргузор мегардад

Shared to Facebook

Рӯзи 17 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.

Дар ин робита ба қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт барои пардохти хароҷоти Ниммарафони мазкур 493 049 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, Ниммарафон соати 09:00 оғоз ёфта, Кумитаи тадорукот вазифадор гардидааст, ки онро мутобиқи хати дави муайянгардида доир намояд:

“Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд”, — гуфтаанд дар шаҳрдорӣ.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2010 ҳамасола дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки он шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мешавад.