Эътирози Тоҷикистон ба суҳбати Байден: Он чӣ ки президенти ИМА гуфт, “ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад”

Shared to Facebook

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо норозигӣ аз ташбеҳи президенти Амрико Ҷо Байден оид ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба сафири он кишвар дар Душанбе нотаи эътирозӣ супоридааст.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм имрӯз, 14 сентябр, ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шудааст.

Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин ёддошт дар робита ба ба суханони Президенти ИМА Ҷо Байден, ки зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилванияи ИМА садо дод, супорида шудааст.

Ҷо Байден рӯзи 11-уми сентябр дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи бист сол пеш дар шаҳри Шансквили иёлати Пенсилвания бо ишора ба чархи ҳавопаймо овезон шудани чанд сокини Афғонистон (ҳангоми фирор аз он кишвар) гуфт, “агар дар Тоҷикистон ҳам ҳавопаймо меомаду эълон мекард, ки касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад, одамон ба чархи ҳавопаймо мечаспиданд”.

“Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон хориҷ шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”, боз ҳам одамон дар чарх (ҳавопаймо) овезон мебуданд”, — шарҳ дода буд Ҷо Байден.

Дар нотаи эътирозӣ гуфта шудааст, “чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад”.

Дар айни замон таъкид шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо ИМА дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.