“Бетараф набошед!”: Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба омбудсменҳои ҷаҳон

Shared to Facebook

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен) оид ба вазъи имрӯзаи Афғонистон, хусусан пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо ба Ваколатдорони ҳуқуқи инсони давлатҳои хориҷа муроҷиат кардааст.

Бино ба иттилоияи хадамоти матбуоти Омбудсмен, дар муроҷиат омадааст, ки ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар Афғонистон боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, тибқи ахбори воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин кишвар дар вазъи хеле муташанниҷ қарор доранд:

“Новобаста аз он, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар давраи низоъҳои мусаллаҳона бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар таъмин аст, вале ба ин нигоҳ накарда, ҳамлаҳои қувваҳои ҷангии тарафи даргир (толибон) бо истифода аз яроқу аслиҳаҳои манъшудаи ҳуқуқи байналмилалии башар, ки метавонад талафоти зиёди аҳолии осоиштаро ба вуҷуд биёрад, рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст. Чунин ҳамлаҳо ба аҳолии осоишта ва истифода аз аслиҳаи ғайриинтихобӣ на танҳо ҳуқуқи бунёдии инсон — ҳуқуқ ба ҳаётро поймол менамояд, ҳамчунин меъёрҳои Конвенсияҳои Женева аз соли 1949 ва Протоколҳои иловагии соли 1977, ки асоси ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстиро ташкил медиҳанд, ба пуррагӣ вайрон  мекунанд.

Мутаассифона, сохторҳои дахлдори СММ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон хомӯширо ихтиёрӣ намуда, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакон, маъюбон, занону духтарон ва дигар кишрҳои осебпазири ҷомеа вокуниш нишон намедиҳанд. Ҳар лаҳза поймолкунии ҷиддӣ ва оммавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва теъдоди кушташудагони аҳолии осоишта  дар ин кишвари ҷангзада зиёд шуда,  табъизи қавму халқҳои ғайрипуштунӣ ба назар мерасад”, — нигаронӣ кардааст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Ҳамзамон, вай ба мушкилоти гурезаҳои афғон, ки ба масъалаи мубрами рӯз табдил ёфтааст, таъкид кардааст:

“Мутаассифона, натиҷаҳои вазъи ба вуҷуд омада нишон медиҳад, ки қисмати зиёди аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бинобар таҳдид ба ҳаёт ва саломатии худ ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми убури сарҳади дигар давлатҳо бо мақсади ба даст овардани паноҳгоҳ ба мушкилиҳои  зиёд дучор мегарданд”, – гуфтааст ӯ.

Аз ин лиҳоз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон (омбудсменҳо) муроҷиат намуда, даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии  саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукуматҳои худ ва сохторҳои давлатии дахлдор  ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаи мазкур бетараф набошанд.