Беш аз 270 корманди низоми бонкӣ шаҳодатномаи байналмилалӣ гирифтанд

Shared to Facebook

Дар натиҷаи татбиқи якчанд лоиҳаи муҳим, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс (ICA) ҷиҳати баланд бардоштани дониши тахассусии кормандони низоми бонкӣ амалӣ кардааст, теъдоди бузурги мутахассисон соҳиби шаҳодатномаи ҳирфаӣ шудаанд.

Маросими муаррифӣ ва супоридани шаҳодатномаҳо рӯзи 20 апрел баргузор шудааст.

Дар чорабинӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова, муовини директори Департаменти БАТР оид ба кор бо Институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, президенти Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс ҷаноби Билл Ховарт ва намояндагони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ширкат варзидаанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба намояндагони БАТР барои дастгирии пайвастаи бахши молиявии кишвар, аз он ҷумла низоми бонкӣ арзи сипос намуда, қайд кардааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо БАТР барои дастгирии бахши молиявии ҷумҳурӣ якчанд лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуд. Ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон аз ҷумлаи ин барномаҳо мебошанд:

“Чорабинии имрӯза низ яке аз қисматҳои барномаи “Дастгирии маблағгузории савдо” буда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони бахши молиявӣ ҷиҳати хизматрасонии босифат ба мизоҷони бахши иқтисоди хориҷии Тоҷикистон равона шуда, имкон фароҳам овард, ки 700 нафар намояндагони бахши молиявӣ, ки 270 нафари онҳо имрӯз соҳиби шаҳодатнома мегарданд, ба омӯзиш ҷалб шуда ва соҳиби шаҳодатномаи Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) гарданд”, — гуфт Холиқзода.

Гуфта шуд, дар баробари барномаи дастгирии маблағгузории савдо, БАТР дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии комплаенс бо мақсади тақвияти фаъолияти низоми идораи хавфҳо ва комплаенс ба мутахассисони бахши молиявӣ идрорпулӣ (стипендия) муқаррар намудааст. Дар ҷараёни ин чорабинӣ ба 23 нафар намояндагони 12 ташкилоти қарзии Тоҷикистон шаҳодатномаи Ассотсиатсияи байналмилалии комплаенс оид ба мубориза бар зидди шустушӯи пул дар бахши савдо, “Муштарии худро бидон” ва “Санҷиши зарурии мизоҷ” супорида шудааст.

Роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова ба роҳбарияти БМТ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷалби мутахассисон ба барномаи таълимӣ миннатдорӣ баён намуда, қайд кардааст, ки минбаъд низ ҳамкории самарабахшро дар самти мазкур идома хоҳанд дод.

Муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова гуфтааст:

“БАТР ин гуна семинарҳои омӯзиширо қаблан дар ташкилотҳои қарзии шарик роҳандозӣ намудааст. Минбаъд бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар амал татбиқ гардида, дар он намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок ва дар самти маблағгузории савдо маълумоти муфид ба даст меоранд, ки барои пешрафти низоми бонкии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард”.

Дар чорабинӣ ба 270 нафар хатмкунанда, ки наздик ба 50 нафар кормандони БМТ мебошанд, шаҳодатномаи Палатаи байналмилалии савдо оид ба тиҷорати байналмилалӣ “GoingGlobal” ва ба 23 нафар намояндагони 12 ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ шаҳодатномаи Ассотсиатсияи байналмилалии комплаенс супорида шудааст.

“Бонки миллии Тоҷикистон ташаббусҳои институтҳои молиявии байналмилалиро дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, изҳори умед мекунад, ки БАТР минбаъд низ роҳандозӣ намудани чунин барномаҳои таълимиро барои мутахассисони бахши молия ва бонкии Тоҷикистон идома медиҳад”, — гуфтааст раиси БМТ Ҳоким Холиқзода зимни ҷамъбасти чорабинӣ.