Шоҳрух Саидзода: “Ин пирӯзии умумии ҳамаамон аст”. “Истиқлол” боз қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Shared to Facebook

Президенти дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Шоҳрух Саидзода мухлисон, бозигарон, ситоди мураббиён ва ҳайати хизматрасони дастаро ба муносибати пирӯзӣ дар чемпионати имсола муборакбод намуда, ғалаба дар мусобиқаро “пирӯзии умумии мо, бозигарон, ҳайати мураббиён ва аз ҳама муҳим мухлисон ва сокинони пойтахт” номид.


Ҳамзамон ӯ ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ба ҳамаи коргарон ва хизматчиёни Федератсия ва ҳамчунин ба шарикону сарпарастон барои дастгирӣ ва ҳамкории зич миннатдорӣ изҳор намудааст:

“Ман ба шарикон ва сарпарастони худ, инчунин ба роҳбарияти филиали Бонки Миллӣ дар вилояти Суғд ва маркази таълимӣ дар Гулистон, ки бидуни дастгирии онҳо муваффақияти клуби мо душвор аст, изҳори сипос мекунам. Ташаккури зиёд ба роҳбарият ва кормандони ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” барои таблиғ ва саривақт инъикос кардани бозиҳо ва рӯйдодҳои атрофи онҳо.

Инчунин, ба роҳбарият ва кормандони Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои муносибати софдилонаашон ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳангоми баргузории бозиҳои футбол миннатдории худро баён менамоям”, — изҳор дошт ӯ.

Шоҳрух Саидзода ваъда дод, ки ғалабаҳо ва мукофотҳои арзандаи варзиширо ба даст оварда, минбаъд низ мухлисонро шод хоҳанд кард:

“Дар мавсими имсола “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ба таври шоиста баромад намуда, бозиҳои Ҷоми AFC-ро низ бомуваффақият шурӯъ кард ва ҳадафи пирӯзӣ дар ин мусобиқаро дошт, аммо, мутаассифона, ба иллати пандемия мусобиқа лағв карда шуд”, — изҳор дошт Саидзода.

Ёдрас мекунем, ки аз мавсими оянда чемпиони Тоҷикистон аввалин бор дар даври гурӯҳии бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии Осиё — Лигаи чемпионҳо баромад мекунад:

“Ин як рӯйдоди барҷаста дар таърихи футболи миллӣ мебошад. Дар навбати худ, мо тамоми қувваамонро ба харҷ медиҳем, ки “Истиқлол” кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона муаррифӣ намояд”, — афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки рӯзи 20-уми сентябр бозии даври шонздаҳуми қаҳрамонии Тоҷикистонро дар меҳмонӣ бо тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, се давр пеш аз ба охир расидани мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи медалҳои тилло гардид.

Дар ин дидор ҳамлагари ҷавони “Истиқлол” Рустам Соиров дар нимаи аввали бозӣ ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Кароматулло Саидов дар ибтидои нимаи дувуми дидор аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ зад.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол”, ки аз рақиби аслиаш “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд 12 имтиёз бештар гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намуда, дар 15 бозӣ 41 имтиёз ба даст овардааст.

“Истиқлол” бори нуҳум қаҳрамони Тоҷикистон ва бори ҳафтум пайиҳам соҳиби медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи олӣ гардид. Ин даста солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 барандаи медалҳои тиллои мусобиқа шудааст.

“Хуҷанд”, ки бо касби 29 имтиёз дар ҷадвал дар зинаи дувум қарор дорад, довталаби аслии медалҳои нуқра маҳсуб мешавад.