Тоҷикистон боз аз музокироти сулҳи Афғонистон ҳимоят кард

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳимояти кишвари моро аз музокироти сулҳи Афғонистон эълон карданд. Сарвари давлат дар мулоқот бо Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд кардаанд.

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон ва Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Афғонистон рӯзи 1 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат аҳаммияти ҳамкории байнипарламентиро барои таҳким бахшидан ба равобити гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамҷавор таъкид кардаанд:

“Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд карданд. Дар ин зимн Президенти кишвари мо ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода бори дигар иброз доштанд”, — омадааст дар гузориш.

Бо ишора ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор, Пешвои миллат аҳаммияти дар охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардидани ҷаласаи сатҳи баланди ҳамоиши “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”-ро, ки Тоҷикистон раёсати онро ба ӯҳда дорад, махсус таъкид кардаанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла, бо инобати ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намудаанд.

Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқии чунин ҳамкориҳо ва нақши парлумонҳо дар ин раванд ишора карда шудааст.

Вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карда шудааст.

Дар интиҳои суҳбат Президенти Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон сулҳу амонӣ ва шукуфоиву нумӯи рӯзафзун таманно намудаанд.

Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, ки 27 феврал бо сафари расмӣ ба Душанбе омад, рӯзи гузашта ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард.