Мулоқоти Зокирзода бо Раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода рӯзи 1 март бо Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуд.

Бино ба хабари котиботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, зимни мулоқоти судманду самимӣ Зокирзода иброз намуд, ки “фаъолияти пурсамари Шумо дар  ин мақоми олӣ ба рушди муносиботи дӯстонаи мо такони ҷиддӣ хоҳад дод.  Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи  Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлати мо ҳамеша дар суханрониҳояшон густариши ҳамкории Тоҷикистонро бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус Афғонистон, пайваста таъкид менамоянд. Натиҷаи мулоқот ва музокироти сатҳи олии ду кишвари дӯсту бародар омили асосии тавсеаи ҳамкории дуҷониба мебошад”.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар заминаи гуфтушунидҳо пайваста ба раванди пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон ва таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Гуфта шудааст, густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор рафта, ташрифи Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои Миллии он кишвар барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкории дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Роҷеъ ба фаъолияти комиссияи муштараки ду кишвар ибрози андеша намуда, Маҳмадтоир Зокирзода афзудааст, ки дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мулоқоти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Тоҷикистону Афғонистон нақши муҳим мебозанд.

Байни Тоҷикистон ва Афғонистон асоси қарордодиву ҳуқуқӣ сол ба сол тақвият меёбад ва то ба имрӯз беш аз 90 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расида, мавриди амал қарор доранд.

Бино ба маълумоти расмӣ, соли 2020 мубодилаи мол байни ду кишвар зиёда аз 70 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, беш аз 68 млн. доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд, ки асосан аз интиқоли барқ, семент, маҳсулоти сохтмон, нуриҳои минералӣ, маводи ғизоӣ, меваҷот ва сабзавот иборатанд:

“Кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Ин моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ҳамкории воқеан судманду фарохро рушду густариш бахшем. Ин иқдом имкон медиҳад, ки нақши геополитикӣ ва транзитию иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон ҷиддан боло бардошта шавад.     Афғонистон ва Тоҷикистон дар қалби қитъаи Осиё ҷой гирифта, пайвандгари минтақаҳои бузурги дунё маҳсуб мешаванд. Ин амр тақозо менамояд, ки мо роҳу пулҳо ва нақбҳо созем. Дар чунин шароит Шоҳпули амалкунандаи “Дӯстӣ” кишварҳои моро пайванди ниҳоят матлуб бахшид”, — гуфтааст Зокирзода.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамкории байнипарламентии ду кишварро яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳал қарор медиҳад.

Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил карда шуда, ҷонибҳо бар онанд, ки ин гурӯҳ дар рушду тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ саҳми босазо гузошта, иштироки фаъоли парламентҳои ду давлати дӯсту бародарро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақаӣ таъмин менамояд.

Раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки “Мо аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр хушнуд ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд”.

Дар фарҷом изҳори итминон карда шудааст, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбад.