Дар шаҳри Хоруғ барои соҳибкороне, ки дар пайи сӯхтори чанде пеш дар бозори марказӣ зарар дидаанд, мағозаҳои нав сохта мешаванд. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, ин иқдом ба хотири барқарор кардани фаъолияти тиҷоратии онҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои кор амалӣ мегардад.
Ин масъала дар мулоқоти раиси вилоят Шарифхон Сафарзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо соҳибкорон ва шаҳрвандони зарардида баррасӣ шудааст.
Сӯхтор дар бозори марказии Хоруғ санаи 27 июл рух дода, чанд мағоза, ошхона ва анборҳои нигоҳдории молу амволро фаро гирифт. Гуфта мешавад, соҳибкороне, ки рӯзгори худро аз ҳисоби тиҷорат пеш мебаранд, дар пайи ин сӯхтор зарари ҷиддӣ диданд.
Дар мулоқоти Шарифхон Сафарзода ва Шералӣ Кабир бо соҳибкорон ва шаҳрвандони зарардида таъкид гардидааст, ки ҳоло корҳои омӯзиши вазъи зарардидагон ва муайян кардани ҳаҷми дақиқи хисорот идома доранд. Ҳамзамон, мақомоти вилоят роҳҳои барқарорсозии фаъолияти соҳибкоронро баррасӣ мекунанд.
Раиси вилоят изҳор доштааст, ки соҳибкорон дар рушди иқтисоди маҳаллӣ, таъмини бозор бо молу маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои корӣ нақши муҳим доранд. Ба гуфтаи ӯ, барои дастгирии онҳо дар наздикии бозор иншооти нави тиҷоратӣ сохта шуда, соҳибкорони зарардида бо мағоза ва дигар шароити зарурӣ таъмин хоҳанд шуд.
Вазири саноат ва технологияҳои нав низ ба масъулон дастур додааст, ки барои ҳарчи зудтар фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати идомаи фаъолияти соҳибкорон чораҳои амалӣ андешанд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи пешгирии ҳодисаҳои шабеҳ баррасӣ гардида, ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, назорати шабакаҳои барқӣ, таъмини роҳҳои эвакуатсия ва мавҷудияти таҷҳизоти аввалияи зиддисӯхтор таъкид шудааст.
Масъулон гуфтаанд, ин тадбирҳо барои ҳифзи ҷони соҳибкорон, кормандон ва харидорон аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Соҳибкорони зарардида изҳори умед кардаанд, ки бо дастгирии мақомоти вилоят ва шаҳри Хоруғ ва ҳамкории сохторҳои дахлдор фаъолияти онҳо ҳарчи зудтар барқарор хоҳад шуд.



__




