Қонунҳои толибонӣ 2,4 миллион духтари афғонро аз таҳсил маҳрум кардааст

Shared to Facebook

Тақрибан 2,4 миллион духтари афғон имрӯз аз имкони таҳсил дар зинаи миёнаи мактабӣ маҳруманд. Ин рақамро ҳамоҳангсози барномаи ЮНЕСКО оид ба таҳсил дар ҳолатҳои фавқулода Ҳода Ҷабериан (Hoda Jaberian) эълон кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, шумораи духтароне, ки ба далели маҳдудиятҳои ҷорӣ аз таҳсил дар мактабҳои миёна маҳрум шудаанд, нисбат ба гузориши қаблӣ тақрибан 200 ҳазор нафар бештар шудааст.

Ҷабериан шарҳ додааст, ки манъи таҳсили духтарон таъсири ҷамъшаванда дорад: бо гузашти ҳар сол шумораи бештари духтарони афғон ба синне мерасанд, ки бояд таҳсилоти миёна гиранд, аммо ба далели манъи “Толибон” имкони идомаи таҳсилро надоранд.

Ба ин мушкил бозгашти муҳоҷирон ва паноҳандагони афғон низ таъсир мерасонад. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО, 56 фоизи афроди бозгашта кӯдакони то 15-сола мебошанд. Созмон мегӯяд, маълумоти дақиқ дар бораи шумораи духтарон дар байни ин кӯдакон надорад, аммо агар онҳо дар кишварҳои дигар ба мактаб мерафтанд, пас аз бозгашт ба Афғонистон дигар имкони идомаи таҳсилро надоранд.

Ба таъкиди ЮНЕСКО, ин 2,4 миллион танҳо духтаронеянд, ки аз таҳсилоти миёна маҳруманд. Муайян кардани он ки агар маҳдудиятҳо вуҷуд намедоштанд, чанд нафари онҳо мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил мешуданд, имконнопазир аст.

Маҳдудиятҳо ба таҳсилоти олӣ низ паҳн шудаанд. Ба гуфтаи намояндаи ЮНЕСКО, духтарони афғон наметавонанд дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд ва ҳатто дар баъзе бахшҳое, ки қаблан чунин маҳдудиятҳо вуҷуд надоштанд, низ таҳсил барои онҳо баста шудааст. Аз ҷумла, ин маҳдудиятҳо ба муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ низ дахл доранд.

Ҷабериан мегӯяд, ҳоло барои занону духтарони афғон як имкон дар кишварашон барои идомаи таҳсил, гирифтани аккредитатсия ва диплом вуҷуд надорад.

Намояндаи ЮНЕСКО ҳамзамон мегӯяд, сиёсати “Толибон” ба низоми таҳсилоти писарон низ таъсири манфӣ расонидааст. Ба гуфтаи ӯ, омӯзгорони соҳибихтисос ба таври оммавӣ аз фаъолият барканор шуда, ба ҷойи онҳо афроди камтаҷриба ё бидуни омодагии зарурӣ ба таълим ҷалб мешаванд.

ЮНЕСКО барои коҳиши таъсири ин вазъ барномаҳои таҳсилоти фосилавӣ ва баланд бардоштани саводнокиро амалӣ мекунад. Аммо ба таъкиди Ҷабериан, чунин барномаҳо наметавонанд пурра ҷойи дарсҳои синфӣ ва омӯзгорони касбиро гиранд.

Ба гуфтаи Ҷабериан, ЮНЕСКО ҳоло бо “Толибон” дар бораи лағви маҳдудиятҳои таҳсил музокироти мустақим надорад.

Бо вуҷуди ин, созмон ба фаъолияти худ дар Афғонистон идома медиҳад. Аз ҷумла, барномаи “Шиносномаи тахассусӣ” ба донишгоҳҳо ва корфармоёни кишварҳое, ки паноҳандагони афғонро қабул мекунанд, барои арзёбии сатҳи донишу малакаи донишҷӯён ва довталабони корӣ кумак мерасонад.

ЮНЕСКО мегӯяд, талошҳо барои дастрасии афғонҳо ба таҳсил идома меёбанд ва ҳамзамон ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои барқарор шудани ҳуқуқи духтарон ва занони афғон ба таҳсил талош намояд.

Ба таъкиди ЮНЕСКО, духтарон ва занони афғон бояд ҳуқуқи таҳсил дошта бошанд ва маҳрум кардани онҳо аз ин ҳуқуқ на танҳо мушкили маориф, балки масъалаи ҷиддии ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.