6,8 млрд доллар – савдои хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳ

Shared to Facebook

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 6 миллиарду 803,3 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиарду 38,9 миллион доллар ё қариб 43 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора имрӯз, 21 июл, дар нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Каримзода маълумот дод.

Тибқи маълумоти ӯ, ҳаҷми воридоти мол 5 миллиарду 224,3 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 36,7 дарсад зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, содироти мол ба 1 миллиарду 579 миллион доллар расида, 67,4 дарсад афзудааст. Бо вуҷуди рушди босуръати содирот, ҳаҷми воридот ҳанӯз беш аз се баробар аз содирот зиёд буда, 76,8 дарсади гардиши умумии савдоро ташкил медиҳад.

Ба иттилоъи Хадамоти гумрук, содироти Тоҷикистон бештар ба бозори Чин афзудааст. Дар шаш моҳи аввали имсол содирот ба Чин 212,6 миллион доллар, ба Белгия – 65,7 миллион доллар, ба Русия – 19,9 миллион доллар, ба Қазоқистон – 17,6 миллион доллар, инчунин ба Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон ва Қирғизистон низ афзудааст.

Дар баробари ин, содирот ба Ҳоланд, Покистон, Туркия, Фаронса ва Туркманистон коҳиш ёфтааст.

Дар бахши воридот низ Чин бузургтарин манбаи афзоиши молҳои воридотӣ боқӣ мондааст. Воридот аз Чин 362,3 миллион доллар, аз Русия – 224,6 миллион доллар ва аз Қазоқистон – 174,6 миллион доллар зиёд шудааст. Ҳамчунин, воридот аз Олмон, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Ветнам афзудааст.

Ҳамзамон, воридоти мол аз Британияи Кабир, Покистон, Ӯзбекистон, ИМА, Ҳоланд, Ҳиндустон ва Фаронса кам шудааст.

Дар сохтори содироти Тоҷикистон саҳми асосиро маъдан ва консентратҳо (451,7 миллион доллар), сурма ва маҳсулоти он (144,2 миллион доллар), алюминийи коркарднашуда (116,8 миллион доллар), нахи пахта (73,5 миллион доллар), меваю сабзавот (39,2 миллион доллар) ва нерӯи барқ (30,5 миллион доллар) ташкил медиҳанд.

Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон бештар маҳсулоти нафтӣ (494,7 миллион доллар), мошинҳои сабукрав (350,3 миллион доллар), гандум (171,6 миллион доллар), гази моеъ (164,3 миллион доллар), меваю сабзавот, чӯбу тахта, телефонҳои мобилӣ, равғани растанӣ, шакар, оксиди алюминий ва гӯшти мурғ ворид кардааст.