Хабарҳои ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Shared to Facebook

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд

14 май Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии он кишвар Магзум Мирзагалиев мулоқот кард:

“Дар рафти мулоқот миёни ҷонибҳо масоили марбут ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо инчунин оид ба имконияти таҳкими ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои дахлдори он, аз ҷумла Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд”, — хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Дар фарҷоми мулоқот Мирзагалиев даъвати ҷониби Тоҷикистонро барои иштирок дар Машварати роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки баргузории он охирҳои моҳи июли имсол дар Душанбе дар назар аст, пазируфтааст.

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирории Кумитаи иҷроияи СҲИ

16 май бо ташаббуси Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаласаи изтирории маҷозии Кумитаи иҷроияи Созмони ҳамкории исломӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати баррасии амалиёти низомии Исроил дар Фаластин ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди СҲИ Акрам Каримӣ иштирок намуд, хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

Дар фароварди нишаст аз ҷониби Дабирхонаи кулли СҲИ ва кишварҳои узви Кумитаи иҷроияи ин созмон қатъномаи дахлдор қабул гардидааст.

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи минтақавии UNODC

17 май Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кардааст:

Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои мухталифи созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо маводди мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Украина

17 май даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардидааст. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содик Имомӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин роҳбарӣ намудаанд.

“Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Омодагӣ ва рағбати мутақобил ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид”, — хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Зимни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо ба тавофуқ расидаанд, ки Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитрий Кулеба ба имзо расад.

Дар фарҷоми ройзаниҳо Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енинро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфтааст.