Дар Муассисаи фарҳангии ЭКО аз забони тоҷикӣ ва “Шоҳнома” гуфтанд

Shared to Facebook

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 15 май дар Муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ҳамоиши байналмилалии маҷозӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиш Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО Сарвар Бахтӣ, Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон Ҳаддоди Одил, Сафирони Тоҷикистону Афғонистон дар Эрон, аҳли илму адаб аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Эрон доир ба нақши забони форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ) ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар таърихи забону адаби кишварҳои минтақаи ЭКО суханронӣ кардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронияш гуфтааст, забони муштараки мо, ки он имрӯз бо номҳои форсӣ дар Эрон, дарӣ дар Афғонистон ва тоҷикӣ дар Тоҷикистон дар маснади забонҳои давлатӣ дар ин кишварҳо қарор гирифтааст, “дар ҳама давру замонҳо посдор ва муҳофизи ҳувияти миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои гузаштагони мо будааст”.

“Ин рисолати бузургро забони мо дар лаҳзаҳои душвори таърих, ки хатару чолишҳое бар ҳастии маънавӣ ва ҳувияти миллии ниёконамон таҳдид мекарданд, ба беҳтарин ваҷҳ ба иҷро расонидааст. Ҳамин забони муштарак буд, ки дар қарнҳои нахусти ислом зуҳури он мӯҷиби ҳифзи асолати фарҳанг, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва ҳувияту ҳайсияти маънавии Аҷам пас аз футуҳоти араб гардид. Ҳамин забони муштарак буд, ки бо вуҷуди таҳоҷуми пайвастаи бегоназаминон ба Эронзамини таърихӣ ва кишвардории онҳо дар ин қаламрави куҳан дар тӯли қуруни вусто, он ҳамчун забони адаб, илм, фарҳанг ва давлатдорӣ боқӣ монд ва бо ҳастии худ ҳастии маънавии қавмҳои ориёиро тадовум бахшид”, — афзудааст Сафири Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ низ вақте омилҳои ҳувиятзудо ва фишорҳо ба фарҳангу суннатҳои миллии халқи тоҷик густариш пайдо карданд, ҳамон рисолати ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангиро забони тоҷикӣ ба дӯши худ гирифт ва нагзошт, ки тоҷикон аз фарҳангу маънавияти худ ҷудо гарданд ва кистиву чистии худро фаромӯш кунанд.

Дар идомаи суханронии Сафири Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки пас аз касби истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон, бо ибтикороти хушоянди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки парчамбардори ростини ҳимоят аз забон, маънавият ва фарҳанги ниёкон шинохта шудаанд, давраи нав барои пешрафти забони тоҷикӣ шурӯъ гардид, доираи истифодаи он густариши комил пайдо кард, бо қабули қонуни вижа забони тоҷикӣ дар маснади забони давлатӣ истиқрор ёфт ва ҷиҳати посдошташ рӯзи 5 октябр дар тақвими Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ эълом гардид.

Низомиддин Зоҳидӣ дар фарҷоми суханронӣ бо ишора ба зарурати ҳифзи забони муштараки ниёкон аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ таъкид кардааст, ки соҳибони имрӯзи забон бояд онро бо ғаномандии беш аз пеш ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд, ҳамчунон ки дар вақташ ниёкони бедордили мо дар ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, ба вижа забони модарии хеш талош намуда, шоҳкориҳои адабиву фарҳангии худро дар қолаби ин забон барои мо ба мерос гузоштаанд, ҳамчунон ки ҳакими донои Тӯс “Шоҳнома”-и безаволи худро ба ин забон зевар баст ва муҳри лоязолиро ба ин забон зад. Аз ин рӯ, Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Фирдавсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Рӯзи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рӯзҳои ифтихору нозиш аз забон ва аз кохи бегазанди назми форсӣ-тоҷикӣ мебошанд, балки шомили даъват ба шинохти қадру қимати забони модарӣ, даъват ба посдорӣ ва ҳимояти ин мероси арзишманди ниёкон ҳастанд.

Дар ҳамоиши маҷозии мазкур ҳамчунин Директори Китобхонаи марказии ба номи Индира Гандии АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ Шодимаҳмад Сӯфизода низ суханронӣ карда, аз нақши “Шоҳнома” дар ҳифзу густариши забони форсӣ-тоҷикӣ ва дар ин ҳамосаи бузурги миллии Аҷам ҳифз шудани теъдоди зиёди вожаҳое, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ба ҳамон маънии аслии худ роиҷ ҳастанд, вале дар қисматҳои дигари қаламрави забони форсӣ маъмул нестанд, ёдовар шуд.