Мактабсозии соҳибкорон ва сипосгузории Президент

Shared to Facebook

Дар замони истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон шаклҳои нави муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардида, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ 9 мактаби Президентӣ бо фарогирии қариб 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор шогирдон таъсис дода шуд.

Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо маорифчиёни шаҳри Душанбе изҳор дошт.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то ба имрӯз садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.

Ҳамзамон, ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мамлакат ба 75 ва шумораи шогирдони онҳо қариб ба 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз онҳо 32 муассиса дар замони истиқлол ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 40 расидаанд, ки ҳоло дар онҳо беш аз 227 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, шумораи хатмкунандагони замони истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Инчунин, зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд:

“Ҳоло пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ рӯз ба рӯз пурқувват шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот пурра ворид гардидаанд. Ҳамаи ин иқдомот, дар маҷмӯъ, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонида истодааст”.

Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 102 дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи гузашта ифтитоҳ гардид, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии роҳбарияти пойтахти ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид. Ин муассиса бо тарҳи муосиру бисёр зебо ва санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар он тамоми имкониятҳои зарурӣ ва шароити беҳтарини таълим фароҳам оварда шудаанд.

Сохтмони мактаб барои 2400 нафар хонанда 15 октябри соли 2017 аз ҷониби Ширкати “Тоҷикгидромонтаж” оғоз гардида, 1 августи соли 2020 ба анҷом расид.

Муассисаи навбунёд аз чор бино иборат буда, дорои 51 синфхона, аз ҷумла 38 синфхонаи таълимӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳӣ, компютерӣ, лингофонӣ, таълими меҳнат, ҳайкалтарошӣ, расмкашӣ, толори варзиш, китобхона, ошхона бо 180 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст мебошад.

Вобаста ба ин Президент ба соҳибкор Ҳурматулло Зайдов барои чунин ташаббуси ибратбахш ва ба ҳамаи сохтмончиёне, ки дар бунёди иншооти имрӯза заҳмат кашида, чунин биноҳои хуштарҳу замонавиро барои омӯзгорону хонандагони пойтахт омода кардааст, изҳори сипос намуд.

Таъкид гардид, раванди афзоиши аҳолии мамлакат моро водор месозад, ки барои бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии мавҷуда ва бо таҷҳизоту ашёи зарурӣ таъмин намудани онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.

Бино ба маълумоти Президент, соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 163 иншооти соҳаи маориф барои зиёда аз 33 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 405 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин шумора то саршавии соли хониши 2020 – 2021-ум 152 иншоот барои беш аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 400 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Гуфта шуд, имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — сисолагии истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, дар деҳоти дурдаст босуръат идома дорад.

Аз 1332 мактабу муассисаҳои томактабии ба нақша гирифташуда то моҳи августи соли 2020-ум 367 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 кӯдакистон сохта, ба истифода супорида шудааст, ки аз ин шумора 135 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 21 кӯдакистон аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯсти кишвар бунёд гардидааст.

Дар кишвар танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 муассисаи томактабӣ ва 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Вобаста ба ин Президент ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва онҳое, ки ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, барои фарзандонамон, яъне насли ояндасоз иншооти замонавии таълимӣ бунёд мекунанд, бори дигар изҳори сипос намуд ва ба ҳар яки онҳо барори кор хост.