Маълум шуд, ки дар се соли оянда Тоҷикистон чӣ қадар қарз мегирад

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, то 1 октябри соли равон ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикис­тон ба 3,7 млрд. доллар расидааст, ки он ба 43,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.

Ин маълумот зимни баррасии “Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023” дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон садо дод, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид.

Ба гуфтаи вазир, дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи умумии 459,5 млн. доллари амрикоӣ бо ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин, дар доираи ташаббуси кишварҳои G-20 хизматрасонии 43,2 млн. доллари амрикоии қарзӣ, ки аз Бонки содиротию воридотии Чин ва Фонди кувайтии рушд ҷалб гардидааст, то охири соли 2021 мавқуф гузошта шуд.

Ба гуфтаи мақомот, чунин ҳамкорӣ бо Клуби Париж, Бонки KFW-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Бонки “Натикс”-и Фаронса ва Департаменти кишоварзии ИМА идома дорад.

Гуфта шуд, Барномаи нави қарзгирии берунаи Тоҷикистон лоиҳаҳои амалкунандаи қарзӣ ва лоиҳаҳои дар марҳилаи баррасӣ қарордоштаро ба инобат гирифтааст:

“Лоиҳаи барномаи нави пешниҳодшуда 59 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 8 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро аз рӯи маблағи қарз, созмони маб­лағгузор, бахшҳои иқтисодиёт, лоиҳаҳои нави қарзии банақшагирифташуда ва маълумоти муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии амалкунанда ва нақшавиро барои давраи миёнамуҳлат дар бар мегирад”, — гуфт Қаҳҳорзода.

Созишномаҳои қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордошта аз лоиҳаҳои зерин иборатанд:

— лоиҳаи “Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон” — 20,0 млн. евро;

— лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” — 25,0 млн. доллари амрикоӣ;

— лоиҳаи “Обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб” — 8,9 млн. доллари амрикоӣ;

— лоиҳаи “Гармидиҳии шаҳри Душанбе” — 5,0 млн. доллари амрикоӣ, созмони маблағгузори 4 лоиҳаи мазкур Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад;

— лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод” — 50,0 млн. доллари амрикоӣ, созмони маблағгузор — Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ;

— лоиҳаи “Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” — 50,0 млн. доллари амрикоӣ, созмони маблағгузор — Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд;

— лоиҳаи “Сохтмони НБО Роғун” (Лоти 1) — 340,0 млн. евро (тибқи нақша – аз бонкҳои аврупоӣ — Credit Suisse ва Landesbank Baden — Wiirttember);

— лоиҳаи “Таҷдиди НБО Норак, марҳилаи 2” — 50,0 млн. доллари амрикоӣ.

“Маҷмӯан, дар марҳилаи кунунӣ, ба истиснои созишномаҳои баимзорасида, ҷалби 562,0 млн. доллари амрикоии қарзии имтиёзнок дар назар аст. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои зикршуда ҳаммаблағгузории грантӣ дар ҳаҷми 289,4 млн. доллари амрикоӣ низ пешбинӣ шудааст”, — афзуд вазир.

Хизматрасонии қарзи беруна соли 2021 — 213,5 млн. доллар, соли 2022 —  238,2 млн. ва соли 2023 243,3 млн. доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сарчашмаҳои ҷалби маблағҳои қарзӣ аз 16 манбаи маъмулӣ, яъне шарикони рушди Тоҷикис­тон, пешбинӣ шудаанд.

Қарзҳо аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Фонди ОПЕК, Фонди кувайтии рушд, Фонди саудии рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ аз 20 то 40 сол, бо меъёри фоизи солонаи аз 0,75 то 2,0 фоиз ва бо давраи имтиёзноки баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 4 то 10 сол ҷалб гардидаанд.

Қарзҳо аз «Эксимбонк»-и Хитой аз 20 то 25 сол, бо меъёри фоизи солонаи аз 1,5 фоиз то 2,5 фоиз ва бо давраи имтиёзноки баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 9 то 11 сол ҷудо гардидаанд.

Қарзҳои аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалбгардида низ имтиёз­нок буда, маблағҳо бо меъёри фоизи Libor+1 фоиз ҷудо гардида, дар баробари онҳо маблағҳои грантӣ низ ҷудо шудаанд.