Террори Сайф Раҳимзоди Афардӣ террори илму фарҳанг буд

Shared to Facebook

Агар тири ноҷавонмардонаи қотилони ташкилоти террористии собиқ ҲНИ яке аз шахсиятҳои миллӣ ва миллатдӯсту меҳанпарасти асил, нависандаи мумтозу сенариянависи борикбин, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Айнӣ ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Сайф Раҳимзоди Афардиро ҳадафи нопоки хеш қарор намедод, моҳи ноябри соли равон ба синни 67 мерасид. Сад афсӯс, ки хиёнаткорону душманони миллату меҳани мо дар симои наҳзатиҳо тавонистанд, ки ҷанги бародаркӯшро роҳандозӣ намоянд ва дар ин раванд бештару пештар аз ҳама аҳли илму маориф ва фарҳангу маърифатро ваҳшиёнаю ноҷавонмардона ба қатл расониданд.

Ҳадаф аз ин рафтори палидонаю разилонаи террористони наҳзатӣ ба гумроҳа бурдани мардум ва аз фарҳангу тамаддуни аслии хеш дур нигоҳ доштани аҳолӣ ва бад-ин васила пиёда кардани нақшаҳои ноҷавонмардонаи хоҷагонашон буд. Маҳз бо ин мақсад, дар қатори ҳазорон кушташудагон хуни ноҳақи аҳли илму зиёро низ рехтанд ва яке аз он нафарони огоҳу бедоре, ки маҳз аз дасти ин нохалафон ба қатл расонида шуд, устод Сайф Раҳимзод Афардӣ буд. Аз ин рӯ, суҳбате доштем бо коршиноси соҳа Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии АМИТ, то паҳлуҳои норавшани қатли ваҳшиёнаи Сайф Раҳимзодро аз тарафи террористони наҳзатӣ баррасӣ намоем.

— Устод, нахуст оид ба беадолатию ноҷавонмардиҳои солҳои 90-ум анҷомдодаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ собиқ ҲНИ каме маълумот медодед.

— Шахсиятҳои огоҳу бедори миллӣ, ки дар симои шоиру нависандагон, адибон, донишмандон, файласуфону мутафаккирон зуҳур мекунанд, дар таърих мисоли зиндаи шахсиятҳои мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва динӣ-мазҳабӣ буда ва ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ҷаҳолатписандон ормонҳои миллӣ ва мардумиро зери по кунанд ва роҳи тараққиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби динӣ бубанданд.

Мутаассифона, бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ, безавқии ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, ба сабаби худхоҳию худбохтагии қишри мазҳабӣ, дар қаламрави кишвари мо ибтидои солҳои 90-ум даргириҳо сурат гирифт ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ ё бародаркушро доман зад.

— Мақсад аз террори рӯшанфикрону донишмандони номвар чӣ буд ва чаро маҳз олимону сиёсатмадорони таъсиргузори ҷомеа ҳадаф қарор гирифтанд?

— Террори фикрӣ ва физикии тоифаи рӯшангар манзараи тарсу ваҳшатро дар саросари қаламрави ҷумҳурӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба намоиш гузошта буд ва ҳар кӣ ба воқеоти он замон, махсусан бархӯрди фикрию ақидатии наҳзатиён бо равшанфикрон сари кор гирифтааст, хуб медонад, ки чӣ балое сари онҳо омада буд.

Илова бар ин, ҳадафи амалҳои террористӣ ва тахрибкоронаи тарбиятдидагони наҳзатӣ ноҷур сохтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва давра ба давра тағйир додани зеҳни мардум дар қиболи низоми сиёсии дунявӣ ва инсиҷом бахшидани тафаккури хурофотии динӣ-мазҳабӣ мебошад. Барои хушкандешони мазҳабӣ ва муддаиёни курсии давлатдорӣ чун рӯзи рӯшан маълум буд, ки бо шикасти маънавию физикии рӯшангар ва тарафи худ кашидани ин қишр дастгоҳи давлат ва ҳукумат заиф мешавад ва тардиде барои пирӯзӣ намемонад. Ба ин нияти шум онҳо муборизаи беамонро бар зидди рӯшангарон тақвият бахшиданд.

— Террористони наҳзатӣ дар солҳои 90-уми садаи гузашта кадом чеҳраҳои саршиноси кишварро ба қатл расониданд ва аз ин чӣ чизе ба даст меоварданд?

— Қатлу куштори насли равшангарони миллӣ назири Моёншо Назаршоев, Мунавваршо Назриев, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Fуломов, Муродулло Шерализода, Махсум Олимӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, Абдураҳим Раҳимов, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Искандари Хатлонӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигарон аз дасти наҳзатиҳои террорист ба хотири он сурат гирифта буд, ки рӯҳияи миллӣ миёни табақаҳои иҷтимоӣ шикаста шавад ва ҷомеа дар ҳолати шоки фикрию равонӣ қарор бигирад. Маҳз бо ин ҳадаф нависанда ва синамогари барҷастаи миллӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ, ки аз чеҳраҳои намоёни рӯшангарии миллӣ ва ҳунармандии ҳирфаӣ маҳсуб меёфт, аз ҷониби душманони миллат – қотилони ташкилоти террористии собиқ ҲНИ дар ибтидои роҳи истиқлолият бераҳмона террор шуд.

Устод Раҳимзод аз ҷумлаи чеҳраҳои матраҳи адабиёт, фарҳанг ва ҳунари миллӣ ба шумор рафта, бо диду нигоҳи нав ба арсаи адабиёту ҳунар ворид гардид. Нигоҳи нав ба адабиёт, тарзи тозаи тасвири бадеӣ, интихоби қаҳрамон, сужасозӣ, типпикунонӣ, фантазия ва тахаюлу образофаринии ҷадид навиштаҳои Сайф Раҳимзодро аз дигар навиштаҳо мутамоиз месохт.

— Оё Сайф Раҳимзод ҳам дидгоҳи миллӣ дошт, ки ҳадафи тири ноҷавонмардонаи террористони наҳзатӣ қарор гирифт?

— Албатта, устод Сайф Раҳимзод дидгоҳи сирф миллӣ дошт ва ҳамчунин, онҳое ҳадафи тири ноҷавонмардонаи террористони наҳзатӣ қарор гирифтанд, ки рӯшангарони миллӣ ва шахсиятҳои огоҳу бедор буданд ва аз ҳиллаву найрангҳои шаръии роҳбарияти ТТЭ ҲНИ хуб огоҳӣ доштанд.

Гузашта аз ин, устод Раҳимзод бо тафаккури нав ба синамои тоҷикӣ нуфуз кард ва дар доираҳои ҳунарӣ то имрӯз сухан аз дидгоҳи вижаи тахассусии вай меравад. Муҳити маърифатӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар аз нависандаи мумтози муосир, ки бо сабки хос ба майдони адабиёт ва ҳунар пой гузошт, умедҳои зиёде дошт.

Мутаассифона, миллати тоҷик ин чеҳраи бузурги фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабиро хеле барвақт аз даст дод. Ин шахсияти фарҳангӣ ва ҳунарӣ ибтидои солҳои дуҳазорум қурбони найрангу сиёсатбозӣ ва дасисаю фурсатталабиҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳи наҳзатӣ гардид.

Сад афсӯс, ки Сайф Раҳимзод дар синни 46-солагӣ ба дасти қотилони миллат террор шуд. Террори нависандаро, дар маҷмӯъ, террори фикрӣ, ҳунарӣ, адабӣ ва фарҳангӣ номидан мумкин аст, зеро ки бо аз байн бурдани ӯ тарҳрезони қатл мехостанд тарсу ҳаросро дар миёни ҷомеаи маданӣ ва ҳунарии тоҷикӣ роҳандозӣ намоянд ва аз ин тариқ шоҳроҳи рушду тавсеаи миллиро бибанданд.

— Террори шахсиятҳои бузурги адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ, ки аз тарафи террористони наҳзатӣ рӯйи кор меомад, бо кадом мақсадҳо сурат мегирифт ва чаро шахсияте чун Сайф Раҳимзод ба ин рӯйхат шомил гардид?

— Террори чунин шахсиятҳои бузурги адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ба он хотир сурат гирифта буд, ки онҳо пеш аз дигар қишрҳои иҷтимоӣ нақшаҳои шуми бозигарони сиёсиро бозшиносӣ ва фош карда, ба насли ҷавони ҷомеа ҳушдор додаанд. Бинобар ин, гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, минҷумла созмони наҳзат маҳз бо ин тоифа ҷиддӣ душманӣ варзида, тариқи дастандаркорон талош карданд, бо раддимаъракасозиҳои сунъӣ ва террорҳои мудавом онҳоро аз масири муборизоти идеологӣ мунсариф созанд. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз нафароне буд, ки бо масъулиятписандӣ ва рисолатмандии миллӣ алайҳи хурофот ва хушкандешӣ шӯрид ва дар роҳи мубориза ҷон дод.

Бо террори Сайф Раҳимзод гурӯҳҳои террористӣ ҳадаф доштанд, ки дар фазои ҳунарӣ, эҷодӣ ва рӯшангарии ҷумҳурӣ хало ба вуҷуд оваранд ва аз тариқи тарсу ҳарос дар ҷомеа тасаллут пайдо намоянд.

Ба таъбири дигар, омилони террори ҳунарманди ҳирфаӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ мехостанд, ки рӯҳияи миллиро бишкананд ва ихтилофотро миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ мустаҳкам кунанд. Аммо бо террори Афардӣ террористони наҳзатӣ ба ҳадаф нарасиданд ва насли нави ҳунармандони миллӣ бо такя ба кору пайкори нависанда ва синамогари шаҳид муқобили ҷараёни хурофот ва хушкандешии мазҳабӣ қарор гирифта, тавассути ибтикороти илмӣ, эҷодӣ, сиёсӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ “хоб”-и ин тоифаи худхоҳ ва қудратталабро ҳаром месозанд.


Тағоймурод Орифӣ

рӯзноманигор