Сафирони нави Арабистону Озарбойҷон ба Тоҷикистон омаданд

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 26 август Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфтааст:

“Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон

Дар фарҷом Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар фаъолияташ комёбӣ орзу намудааст.

Ҳамчунин, ҳамон рӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Асгаровро ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба хабари манбаъ, дар мулоқот маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Озарбойҷон ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазир оғози фаъолияти дипломатии А.Г.Аскеровро дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки ӯ барои фаъолона таҳким бахшидан ба муносибатҳои ду кишвари дӯст мусоидат хоҳад кард.

Мусоҳибон масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ва равобити кишварҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.