Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Рӯзи 3 сентябр дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон (Ost-Ausschuss der Deutschen Wirtschaft) ҳамоиши фосилавӣ миёни блоки иқтисодии Тоҷикистон ва доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Олмон баргузор гардид.  

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни муаррифии зарфиятҳои иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузории кишвар бо ишора ба абзорҳои анъанавии мавҷуда, аз соҳибкорони олмонӣ даъват намудааст, ки дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар фаъолона ширкат варзанд.

Ҳамзамон, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти марбута иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Намояндагони зиёда аз 50 ширкати мухталифи олмонӣ дар ҳамоиш иштирок карда, баъд аз анҷоми қисми расмии он бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Пешниҳод гардидааст, ки чунин ҳамоишҳо дар оянда миёни бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ баргузор карда шаванд. Доираҳои иқтисодӣ-соҳибкории Олмон ҷиҳати дар соли оянда дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳамоиши иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ду кишвар изҳори омодагӣ намудаанд.