Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 17 июл дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” бо ду намояндаи баладмақоми Иттиҳоди Аврупо мулоқот кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл, ки низ ҳамон рӯз баргузор гардидааст, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

“Ҳамчунин гуфтугӯи судманд перомуни масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ, масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт”, — омадааст дар хабари ВКХ Тоҷикистон.