Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш шоми 13 июл суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо ҷаноби Антонио Гутерришро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар табрик гуфта, таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳои худ бо ин сохтори фарогири ҳамкориҳои бисёрҷониба аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад:

“Дар ин қарина Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ ҷиҳати татбиқи пайгиронаи Рӯзномаи 2030, Ҳадафҳои Рушди Устувори он ва дигар қарорҳои Маҷмаи Умумии Созмон, ҳамчунин вокуниши муносиб ва муқовимати самаранок ба таҳдиду хатарҳои муосир талошҳои муассир ба харҷ хоҳад дод”.

Сарвари давлат аз саҳми арзандаи кишвари мо дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намудаанд.

Дабири кулли СММ зимни суханронии худ нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ таъкид карда, дастгирии пурраи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии онро аз иқдомҳои мо дар ин ҷода иброз доштааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нигаронии худро аз шиддат гирифтани даргириҳо дар ин кишвари ба мо ҳамсоя иброз доштанд. Дар ин зимн муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд карда шуда, аҳаммияти идомаи ҳамоҳангиҳои зичи ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт таъкид гардидааст.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин атрофи дигар масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Дар фарҷоми суҳбат Президенти Тоҷикистон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват кардаанд.