Туркия ҳам аз мавқеъгирии Душанбеву Бишкек ҷонибдорӣ кард

Shared to Facebook

1 май Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.

“Дар суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

Дар мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Вазири корҳои хориҷии Туркия роҷеъ ба вазъ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла тавофуқот оид ба эълони оташбас ва ҳусни нияти ҷонибҳо барои ҳаллуфасли ҳолати бавуҷудомада тариқи гуфтушунидҳо ва бо истифода аз василаҳои сиёсӣ-дипломатӣ маълумот додааст:

“Дар ин робита С. Муҳриддин аҳаммияти суҳбати телефонии роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади давлатии байни ду кишварро қайд намуд. Зимнан азми қавии Душанбе барои ҳалли батадриҷи ин масъала тариқи музокирот ва роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ таъкид гардид”, — омадааст дар хабар.

Вазири корҳои хориҷии Туркия аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ дар қитъаҳои наздисарҳадӣ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон истиқбол намудааст.

Човушоғлу ҳамчунин ҳавасмандӣ ва манфиати ҷониби Туркияро танҳо дар ҳалли мусолиматомези вазъи кунунӣ таъкид карда, омодагии хешро барои мусоидат ҷиҳати ҳифзи сулҳ ва ба эътидол овардани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя иброз доштааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ кардаанд.