Зокирзода барои иштирок дар маросими савганди Раисӣ ба Эрон рафт

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода 3 август бо сафари расмӣ ба Эрон рафт. Дар фурудгоҳи байналмилалии ин кишвар ӯро намояндагони воломақоми парламенти Эрон пешвоз гирифтаанд.

Зокирзодаро дар ин сафар Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Наҷибулло Оқилзода ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба хабари Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар фурудгоҳи Теҳрон Зокирзода зимни суҳбат бо намояндагони парламенти Эрон густариш бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду мамлакатро аз аҳдофи марказии сафари хеш арзёбӣ намудааст:

“Мо ният дорем бо ҷониби эронӣ дар мавриди рӯшди ҳарчи бештари робитаҳои байнипарламентии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, табодули таҷрибаи парламентӣ ва маҷмуи равобити дӯстона, ҳамкориҳои барои ҳарду кишвар судмандро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Итминон дорам, ки сафари мо дар инкишофи робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвари дӯсту бародар, ки дорои таъриху фарҳанг ва забони муштарак мебошанд, нақши муайянеро анҷом хоҳад дод”, — изҳор доштааст вай.

Сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Эрон то 8 август идома ёфта, вай рӯзи 5 август дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Эрон Саид Иброҳим Раисӣ ширкат меварзад.