Қотилони шаҳрвандони Тоҷикистон маҳкум шуданд

Shared to Facebook

Бо дархостҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ду далели куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ифшо шуда, қотилон маҳкум ба зиндон шудаанд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, дар аз ҷумла, куштори як сокини 56-солаи шаҳри Норак ва як сокини 50-солаи вилояти Суғд ошкор шуд. Ҷасади онҳо бо аломатҳои марги маҷбурӣ мутаносибан дар моҳҳои сентябр ва декабри соли 2019 ба Душанбе оварда шуда, Прокуратураи генералӣ доир ба таҳқиқоти онҳо дархостҳои дахлдор фиристодааст.

“Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шуд, ки аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии қисми 1 моддаи 105 (куштор) Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Брежнева Л.В. боздошт шуд”, — хабар дод манбаъ.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки Брежнева Л.В. дар натиҷаи муноқишаи ба вуҷудомада дидаю дониста, бо корд ба шиками Довудов Г.Т. чор зарба задааст. Довудов зарари ҷиддӣ ба саломатӣ бардошта, вафот кардааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Звенигороди вилояти Москва, аз 13 апрели соли 2021, Брежнева Л.В. дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 8 солу 6 моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ маҳкум карда шудааст.

Ҳамчунин, бино ба хабари Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, бо ҳукми суди ноҳияи Симоновскийи шаҳри Маскав шаҳрванди Русия Ш. Канназаров барои қатли шаҳрванди Тоҷикистон — сокини 50-солаи вилояти Суғд Эркинҷон Каримов ба 8 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда шудааст.

Ҷасади Каримов моҳи сентябри соли 2019 бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба Тоҷикистон оварда шудааст:

“Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шуд, ки аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии қисми 3 банди “а” моддаи 111 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва қисми 2 банди “в” моддаи 112 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Канназаров Ш.Т. боздошт шудааст”, — омадааст дар хабар.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар як ҳодисаи бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд.