Қарзи “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда-1” боз ним млрд сомонӣ зиёд шуд

Shared to Facebook

Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди ҶСК “Сангтӯда-1” танҳо дар соли гузашта 496 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ, ба ҳолати 21 декабри соли 2021 ширкати “Барқи тоҷик” аз ин неругоҳ 2,1 миллиард сомонӣ қарздор будааст.

Тибқи ҳисоботи ширкат, НБО “Сангтӯда-1” дар соли гузашта 2206,79 миллион кВт-соат барқ интиқол дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 23,13 миллион кВт-соат ё 1,1 фоиз зиёд мебошад.

Коэффитсиенти истифодабарии иқтидор то 37,8 фоизро ташкил додааст.

“Аз оғози соли 2021 сатҳи миёнаи пардохт аз ширкати “Барқи тоҷик” аз 38 фоизи арзиши нерӯи барқ ​​зиёд нест, ки ин пасттарин нишондиҳанда дар тамоми таърихи фаъолияти нерӯгоҳи барқи обӣ мебошад”, — угфта шудааст дар ҳисобот.

НБО-и “Сангтӯда-1” мегӯяд, тамоми корҳои ба нақша гирифташударо оид ба таъмири таҷҳизоти асосӣ ва иншооти гидротехникии нерӯгоҳ анҷом дода, бо ҳайати шахсии НБО-1-и “Сангтӯда” як қатор машқҳои тактикӣ ва тамринҳо гузаронида шудааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ин нерӯгоҳ аз аудити такрории сертификатсияи мутобиқат ба стандарти байналмилалии системаи идоракунии муҳити зист ISO 14001:2015 бо муваффақият гузашт.

“Комиссия аз рӯи натиҷаҳои тафтиши комплексӣ муайян кард, ки шартҳои асосӣ ва иловагии ба кор омода будани истгоҳ дар давраи тирамоҳу зимистон бо сифати баланд ва пурра иҷро карда шудаанд”,- омадааст дар ҳисобот.