Ҳушдори КҲФ: То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма ва ях боқӣ мемонад

Shared to Facebook

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон маълумот дод, ки рӯзҳои 15-16 феврали соли ҷорӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Душанбе–Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ ҳам ҳушдор дод, ки дар ин рӯзҳо хавфи лағзиши тарма, резиши санг ва яхбандӣ вуҷуд хоҳад дошт.

Зикр шудааст, ки барои таъмини бехатарии мошинҳо ва ронандагону мусофирон дар роҳҳои мошингард наҷотдиҳандагони воҳидҳои наҷоти КҲФ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.

КҲФ тавсия медиҳад, ки ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввалтар аз ҳама бояд маълумоти лозим дар бораи хати сафари худро ба даст оранд. Агар барфу борону хатари тарма дар ин маълумотномаҳо пешбинӣ шавад, пас аслан худдорӣ аз сафар ба манфиат аст:

“Мошинҳоро пеш аз сафар санҷед, чархҳои тобистониро бо зимистонӣ иваз кунед, барои эҳтиёт арғамчин, бел, регу шағал, ғизои гарму захираи кофии обу безнзин бо худ дошта бошед.

Фаромӯш накунед, ки ба доруқутии мошин як назар андозед ва онро бо доруҳои зарурӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пахтаву дока ғанӣ гардонед. 

Ба хотирӣ таъмини амнияти худ ва ҳамсафаронатон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаред, оҳиста равед ва дур равед. Фаромӯш накунед, ки шуморо ҳамеша фарзандону пайвандонатон интизоранд. 

Риояи фосила байни мошинҳо яки дигар аз тадбирҳои таъмини амнияти шумо ва равандагони ин роҳ аст. Онро ҳатман риоя намоед!

КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕД!!!” — ҳушдор Кумита.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта Филиали Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) дар Тоҷикистон гуфт, бориши барф дар масири роҳи Душанбе — Чаноқ, хоса дар километрҳои 39 — 160 идома дошта, аммо “ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони мо роҳ кушода буда, рафтуомад аз тариқи он таъмин аст”.