“Рекорди мутлақ”: Соли 2021 беш аз 103 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русия гирифтаанд

Shared to Facebook

Cоли 2021 беш аз 103 ҳазор тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия маълумот додааст. Ин миқдор рекордӣ унвон мешавад.

Шабакаи аудит ва машваратии FinExpertiza бар асоси омори муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки соли гузашта 103 ҳазору 681 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2020 (63 ҳазору 681 нафар) ба миқдори 63,5{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} зиёд будааст.

Ба ҳисоби “Азия-Плюс”, агар теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба соли тақвимӣ тақсим шавад, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 288 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.

Ҳамчунин тибқи ҳисоботи ВКД Русия, 96,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар ин кишварро доранд. Ин маънои онро дорад, ки ба наздикӣ онҳо ҳам эҳтимол шаҳрванди Русия шаванд. Боз 47 ҳазору 46 тоҷикистонӣ Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) дар Русияро доранд, ки қадами аввал ба соҳиб шудани шаҳрвандии Русия мебошад.

Дар маҷмӯъ, тибқи омори муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, соли гузашта 735,4 ҳазор хориҷиён шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд, ки “рекорди мутлақ” арзёбӣ мешавад. Дар панҷгонаи аввали кишварҳое, ки сокинони онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дошта, 14,1{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} аз ҳаҷми умумиро ташкил додааст.

Дар ҷойи аввал Украина аст, ки 375 ҳазору 989 нафар (51,1{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e}) сокинони ин давлат шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Соли гузашта ба 49 ҳазору 862 шаҳрванди Қазоқистон (зинаи 3-юм), 46 ҳазору 931 шаҳрванди Арманистон ва 31 ҳазору 867 шаҳрванди Ӯзбекистон низ шаҳрвандии Русия дода шудааст.

Бино ба маълумоти бархе манобеъ, дар 8 соли охир ҳудуди 300 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуда, аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан 800 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр кардаанд ва аксари онҳо бо аҳли оилаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.

Тибқи қонунгузории Русия, дарёфти шаҳрвандии ин кишвар ба ду васила — ба таври умумӣ ва соддашуда ба роҳ монда шудааст.