Ҳайати СҲИ дар Конфронси оби Душанбе иштирок мекунад

Shared to Facebook

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, Намояндаи  доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ рӯзи 14 апрел бо Дабири кулли СҲИ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо мулоқот кардааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмон мазкурро баррасӣ кардаанд. Доир ба раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шарҳи муфассал дода шудааст. Ҳусейн Иброҳим Тоҳо таъкид намудааст, ки ҳайати СҲИ дар ин чорабинии байналмилалии муҳим дар сатҳи баланд иштирок мекунад.

Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намудаанд.