Муқовимат бо COVID-19: БОР ба Тоҷикистон $50 млн грант медиҳад

Shared to Facebook

Бино ба хабари “Азия-Плюс”, Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) баҳри кумак ба ҷумҳурӣ дар рафъи оқибатҳои ногувори иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемияи сирояти корнавирус ба маблағи 50 млн доллар грант ба имзо расониданд.

Ба гузориши манбаъ, грант ҷиҳати маблағгузорӣ ба тадбирҳои муҳими ҳукумат дар таҳкими низоми тандурустӣ, тавсеаи кумаки иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои камбизоат ва осебпазир, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳимоя аз соҳибкории хурд мусоидат мекунад.

Бино ба иттилои намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон созишномаи грантиро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сриватасава имзо кардаанд:

“Барномаи мазкур ҳукуматро дар густариши дастрасӣ ба маводи тиббӣ ва муҳайё сохтани шароити карантин ҳадди ақал дар 14 беморхонаҳои кишвар бо палатаҳои ҷуудогона барои мардону занон дастгирӣ мекунад. Ба ҳамаи ҳайати тиббие, ки бо беморони COVID-19 кор мекунанду ҳадди ақал 80{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}-ашонро занон ташкил медиҳанд, болоравии музди меҳнат пешниҳод мешавад”, — омадааст дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, маблағгузории БОР ҳукуматро дар тавсеаи барномаи кумаки иҷтимоии таъинотӣ ҳадди ақал ба 307 ҳазор хонаводаҳои кмабизоат бо шумули пардохтикумаки  иловагии яквақтаинаи пулӣ дастгирӣ менамояд. Амнияти озуқаворӣ тавассути мониторинг ва назорати нархҳо ба ғизо, инчуин таъмини фермерон бо захираҳои кишоварзӣ барои афзоиши истеҳсолот таъмин мешавад.

Ба корхонаҳои хурду миёна, ки на камтар аз 24{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}-ашонро занон роҳбарӣ мекунанд, қарз ва имтиёзҳои андозӣ пешниҳод мешаванд.