Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Вячеслав Володин

Shared to Facebook

Мудофиа, таҳкими марз, барқарорсозии парвозҳои мунтазам ва рафтуомади бемонеаи шаҳрвандонро баррасӣ карданд

1 июл дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия Вячеслав Володин бо ҳайатҳои хоса мулоқот анҷом доданд.

Бино ба хабари котиботи Маҷлиси миллӣ, ҷонибҳо зимни суҳбат мавқеъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар пасманзари шарикии стратегии ду давлат ва дар ин раванд нақши муҳиму муассири робитаҳои байнипарламентиро, ки ба таври назаррас густариш меёбанд, зикр кардаанд:

“Ҷонибҳо дар атрофи вазъи ҳамкорӣ ва робитаҳои миёни ду кишвар мубодилаи афкор намуда, бо қаноатмандӣ иброз карданд, ки тавассути мулоқоту суҳбатҳо ва баррасии мунтазами масъалаҳои афзалиятнок кишварҳои мо ба сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ноил гардиданд.

Дар марҳилаи имрӯза мавриди таваҷҷуҳ қарор додани татбиқи саривақтӣ ва пурраи созишномаҳои қаблӣ аҳамиятнок арзёбӣ гардид”, — омадааст дар хабар.

Таъкид гардидааст, ки робитаҳои байнипарламентӣ яке аз шохаи муҳими маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Русияро ташкил дода ва он дар сиғаҳои гуногун, аз ҷумла, дар АП СААД амалӣ мегарданд.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармояи русиягӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, мавҷудияти захира ва иқтидори васеъ барои афзоиш додани ҳаҷми савдои мутақобила, сармоягузорӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ, ҳамзамон фаъолгардонии кори мақомоти салоҳиятноки ҳар ду ҷониб дар ин бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷалб намудааст.

Вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар зарурат ва дурнамои афзалиятдори ҳамкорӣ дар самти роҳандозӣ намудани истеҳсолоти муштараки маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз технологияҳои русиягӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ичунин содироти минбаъдаи он ба бозорҳои Русия таъкид гардидааст.

Тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву башардӯстона ва ҳалли масъалаҳое, ки дар натиҷаи пандемияи коронавируси нав ба миён омада буданд, чун яке аз мавзӯъҳои асосӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтаанд.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Русия ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстонаи тиббӣ, аз ҷумла барои ташхиси бемории COVID-19 изҳори миннатдорӣ карда, идомаи ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи тадбирҳои муштаракро дар самти муқовимат ба ин беморӣ мувофиқи мақсад шуморидааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масоили вобаста ба мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки дар ин самт тадбирҳои мақсаднок, аз ҷумла барқарорсозии парвозҳои мунтазам ва рафтуомади бемонеаи шаҳрвандон таҳия ва амалӣ гарданд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои башардӯстона ва маориф, ҷараёни таҳсили теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, фаъолияти бомуваффақонаи филиали як қатор донишгоҳ ва донишкадаҳои русиягӣ дар Тоҷикистон, омӯзиш ва тарғиби забону фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон, инчунин оғози амалисозии лоиҳаи бунёди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маблағгузории Ҳукумати Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаро бо қаноатмандӣ зикр карда, барои ҳарчӣ зудтар амалӣ гардидани иқдомоти мазкур ҳавасмандӣ изҳор намудаанд.

Дар баробари ин, ҳамкорӣ ва муқовимат бар муқобили хатару таҳдидҳои фаромиллӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон ҳамчун самти калидии муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид. Вазъияти ноорому номуайян дар марзи Афғонистон идомаи музокиротро оид ба мушкилоти афғонӣ, таъмини доимии омодагии ҳарбӣ ва тақвияти ҳамкориро бо Руссия дар бахши мудофиа, амният ва ҳарбӣ-техникӣ тақозо дорад.

Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои дуҷониба баррасӣ шудаанд.