Тоҷикистон оташбаси ҷаҳониро ҷонибдорӣ кард

Shared to Facebook

170 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва нозирону созмонҳои дигар даъвати Созмони Милали Муттаҳидро оид ба оташбас дар давраи буҳронии вобаста ба COVID-19 ҷонибдорӣ кардаанд:

“Кишварҳои узви СММ, нозирон ва ширкаткунандагони дигар ҳафтаи равон паёми ҳалкунандаи сиёсиро фиристода, эълон карданд, ки ин 170 имзокунанда даъвати СММ-ро барои хомӯш кардани силоҳ тасдиқ намуда ва дар мубориза алайҳи таҳдиди глобалии пандемияи COVID-19 ҷонибдорӣ карданд”, — хабар дод Маркази матбуоти СММ.

Бино ба ин гузориш, ташаббуси аз ҷониби Малайзия пешниҳодгардида нишон дод, ки аксари кулли кишварҳо айни замон даъвати глобалии оташбасро якдилона ҷонибдорӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи март, замоне ки пандемия акнун шиддат мегирифт, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш даъват кард, дар давраи буҳрони коронавирус ҷангу амалиёти низомӣ қатъ гардида, оташбаси умумиҷаҳонӣ ҷорӣ гардад.

Дар изҳороти рӯзи сешанбе дар робита ба вазъи минтақаҳои ҷаҳон, ки дар он ҷо амалиёти ҷангӣ идома дорад, бахусус дар авҷи бӯҳрони ҷаҳонии эпидемиологӣ “нигаронии амиқ” изҳор карда шудааст. Дар он оид ба таъсиррасонӣ ба осебпазиртарин аҳолии ҷаҳон, хусусан занон ва кӯдакон таъкид шудааст:

“Мо бояд тамоми кӯшишҳои худро барои наҷот додани ҳаёт ва кам кардани зарари иҷтимоиву иқтисодӣ ба халқҳои худ якҷоя кунем”, — гуфта шудааст дар изҳорот.

Имзокунандагон зарурати кушишҳои дипломатӣ ва дастаҷамъиро дар муборизаи муштарак бар зидди COVID-19 таъкид намуда, аҳамияти “ваҳдати ҷаҳонӣ ва ҳамбастагиро дар мубориза бо ин бадӣ” бори дигар тасдиқ карданд, хабар медиҳад манбаъ.

“Дар баробари таъсири амиқи пандемия ба ҳар се унсури асосии СММ — сулҳ ва амният, рушд ва ҳуқуқи инсон — давлатҳо ба аҳамияти бисёрҷониба, волоияти қонун, дипломатия ва гуфтушунид ҳамчун асоси “бунёдӣ” дар мусоидат ва дастгирии ҳалли осоиштаи баҳсҳо таъкид карданд”, — омадааст дар гузориш.

Таъкид шудааст, ки шароити осоишта барои дастрасӣ ба кумакҳои башарӣ дар минтақаҳои ҷангзада ва ноустувор муҳим аст.

Ҳамзамон ба муносибати 75-умин солгарди қабули Оинномаи СММ, имзокунандагони изҳорот ҳамаи иштирокчиёнро даъват кардаанд, ки ҳамаи имконотро истифода баранд, то ба даъвати оташбас ҳамроҳ шаванд.

Ҳамзамон ба ин СММ феҳристи кишварҳоеро нашр кардааст, ки даъвати глобалии оташбасро пазируфта ва имзо кардаанд: Афғонистон, Албания, Алҷазоир, Андорра, Ангола, Антигуа ва Бербуда, Аргентина, Арманистон, Австралия, Австрия, Багама, Баҳрайн, Бангладеш, Барбадос, Беларусия, Белгия, Белиз, Бенин, Бутан, Боливия, Босния ва Герсоговина, Ботсвана, Бразилия, Бруней Доруссалом, Булғористон, Буркина Фасо, Бурунди, Кейп Верде, Камбоҷа, Канада, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Чили, Чин, Колумбия, Комор, Коста-Рика, Кот-д’Ивуар, Хорватия, Кипр, Чехия, Дания, Гаити, Гондурас, Маҷористон, Исландия, Индонезия, Ироқ, Ирландия, Италия, Ямайка, Ҷопон, Иордания, Қазоқистон, Кения, Корея, Лаос, Латвия, Ливан, Лесото, Либерия, Либия, Лихтенштейн, Литва, Люксембург, Мадагаскар, Малави, Малайзия, Малдив, Мали, Малта, Ҷазираҳои Маршалл, Македония, Мавритания, Маврикий, Мексика, Микронезия, Молдова, Монако, Муғулистон, Черногория, Марокко, Мозамбик, Намибия, Непал, Нидерланд, Зеландияи Нав, Нигер, Нигерия, Норвегия, Уммон, Палау, Фаластин, Панама, Парагвай, Перу, Филиппин, Полша, Португалия, Қатар, Руминия, Руанда, Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, Сент-Винсент ва Гренадин, Самоа, Сан-Марино, Сан-Томе ва Принсипи, Арабистони Саудӣ, Сенегал, Сербия, Ҷазираҳои Сейшел, Серра Леон, Сингапур, Словакия, Словения, Африқои Ҷанубӣ, Судони Ҷанубӣ, Испания, Шри Ланка, Судон, Суринам, Шветсия, Швейтсария, Тоҷикистон, Танзания, Таиланд, Тимор-Лесте, Того, Тонга, Тринидад ва Тобаго, Тунис, Туркия, Туркманистон, Тувалу, Уганда, Украина, Аморати Муттаҳидаи Араб, Бритониёи Кабир, Уругвай, Ӯзбекистон, Вануату, Венесуэла, Ветнам, Яман, Замбия, Зимбабве ва Иттиҳоди Аврупо.