Вазирони Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ бо Ҷопонро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Ҷаласаи 8-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” рӯзи 15 апрел дар шакли маҷозӣ баргузор гардид:

“Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама роҷеъ ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷопон, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 таҳкими ҳамкориҳо барои назорати сарҳад, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд”, — хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон барои рушд ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, энергетика, саноат, тандурустӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва технологияҳои муосир ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои хубро бо ҷониби Ҷопон ба роҳ мондааст.

Дар фарҷоми нишасти мазкур ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо судманд дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” изҳор намудаанд.