Ғалабаи давандаҳои Кения ва Эфиопия дар Ниммарафони XII-и Душанбе

Shared to Facebook

Дар Ниммарафони XII байналмилалӣ, ки 16-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе доир гардид, варзишгарон аз Кения ва Эфиопия якум шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин мусобиқаи анъанавӣ намояндагони 8 кишвар ширкат намуданд.

Ниммарафони XII байналмилалӣ дар масофаи 21 километру 97 метр аз майдони назди “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз ёфта, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба анҷом расид.

Тоо Лазарус аз Кения дар байни мардон бо натиҷаи 1:05.39 ғолиб шуд.

Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Ҷирма Тилаҳун аз Эфиопия бо натиҷаи 1:06.43 ва Шафар Виталий аз Украина бо натиҷаи 1:07.08 соҳиб шуданд.

Нурсултон Кемшибеков аз Қирғизистон бо натиҷаи 1:07.28 — ҷойи чаҳорум, Шоҳрух Давлатов аз Ӯзбекистон бо натиҷаи 1:08.34 — ҷойи панҷум ва Меҳроб Одинаев аз Тоҷикистон бо натиҷаи 1:14.15 ҷойи шашумро гирифтанд.

Дар сабқати занон бошад, Течу Бекелу Абебе аз Эфиопия бо натиҷаи 1:16.07 ба даст овард.

Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Нҷау Мари Венчуи аз Кения (бо натиҷаи 1:18.39) ва Гулшаной Сатторова аз Қирғизистон (бо натиҷаи 1:20.42) аз худ карданд.

Екатерина Тунгушкова аз Ӯзбекистон (бо натиҷаи 1:22.13) чаҳорум, Раҷабмоҳ Абдуллоева бо натиҷаи 1:33.23 ва Зулҳиҷа Ғаффорзода бо натиҷаи 1:33.41 (ҳарду аз Тоҷикистон) ҷойҳои панҷум ва шашумро гирифтанд.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе аз соли 2010 ба ин тараф баргузор карда мешавад, соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст.

Имсол маблағи ҷоизаҳои Ниммарафони XII байналмилалӣ 446160 сомониро ташкил медод. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни мардон ва занон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд: ҷойи 1-ум — 54600 сомонӣ, ҷойи 2-юм — 46800 сомонӣ, ҷойи 3-юм — 39000 сомонӣ, ҷойи 4-ум — 31200 сомонӣ, ҷойи 5-ум — 28080 сомонӣ, ҷойи 6-ум — 23400 сомонӣ.