17-22 майи 2021 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид:
“Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ карда, дар бораи хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор намуданд”, — хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки корҳои аломатгузориро дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идома диҳанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудааст.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протокол ба имзо расидааст.